Эътирофи генерали амрикоӣ ба тавони мушакии Эрон
(last modified Tue, 28 Dec 2021 10:57:18 GMT )
Декабр 28, 2021 15:57 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи генерали амрикоӣ ба тавони мушакии Эрон

Фармондеҳи нерӯҳои фармондеҳии марказии артиши Амрико (Сентком) бо эътироф ба тавони мушакии Эрон таъкид кард, мушакҳои Эрон метавонанд ба ҳар минтақае, ки бихоҳанд бо диққат ва бо ҳаҷми боло зарба бизананд.

Генерал Кеннет Маккензи дар мусоҳиба бо «Ню –Йоркер» дар бораи ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи амрикоии «Айнуласад» дар Ироқ изҳор дошт: Даҳаҳои пеш мушакҳои Эрон он қадр пешрафтаву дақиқ набуданд, аммо акнун метавонанд ба шакле муассир саросари минтақаро ҳадаф қарор диҳанд ва ин ҳамалот бо диққату ҳаҷми боло анҷом хоҳад шуд.

Маккензи дар идома ба қудрати мушакии Эрон эътироф кард ва гуфт: Дар «Айнуласад» онҳо тақрибан ба ҳар ҷое ки мехостанд зарба заданд.

Маҷаллаи «Ню-Йоркер» дар паси ин мусоҳиба дар гузорише эълом кард, ки Теҳрон ба чизе даст ёфтааст, ки Маккензи онро «татовуқи беш аз ҳад» меномад, сатҳе аз тавоноӣ, ки дар он як кишвар дорои таслеҳоте аст, ки кантрол ё шикасти онро бисёр душвор мекунад.

Эрон дар вокуниш ба террори сардори сипаҳбад Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон тавассути неруҳои террористи амрикоӣ, пойгоҳи амрикоии «Айнуласад»-ро дар Ироқ ҳадафи чандин фарванди мушак қарор дод, ки аввалин ҳамла ба як пойгоҳи амрикоӣ пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум қаламдод мешавад.

 

Бештар бихонед: