Ноябр 15, 2016 11:53 Asia/Dushanbe
  •  Гаага Амрикоро ба ҷинояти ҷангӣ дар Афғонистон муттаҳам кард

Додситони Девони байналмилалии кайфарии Гаага бомдоди сешанбе Амрикоро ба ҷиноёти ҷангӣ дар Афғонистон муттаҳам кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса аз шаҳри Гаага, Фатоу Бенсудо, додситони Девони кайфарии байналмилалӣ афзуд: "Бар асоси асноди мавҷуд ва таҳқиқоти суратгирифта, нерӯҳои амрикоӣ ва созмони ҷосусии ин кишвар байни солҳои 2003 ва 2004 ба сурати ғайриинсонӣ ба шиканҷа ва озору азияти зиндонён пардохтаанд".

Додситони Девони кайфарии байналмилалӣ гуфт: “Иттилоот нишон медиҳад, нерӯҳои амрикоӣ ва маъмурони созмони ҷосусии ин кишвар ба ҳангоми бозҷӯӣ аз зиндониён ба иқдомоте мутавассил шуданд, ки аз масодиқи ҷинояти ҷангӣ аст.

Пештар нашрияи амрикоии "Форейн полиси" аз оғози таҳқиқоти Девони байналмилалии кайфарӣ дар бораи ҷиноятҳои ҷангии Амрико дар Афғонистон хабар дода буд.

Ин нахустин бор аст, ки як додгоҳи байналмилалӣ дар бораи ҷиноятҳои ҷангии нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон таҳқиқ мекунад.

Девони байналмилалии кайфарӣ - додгоҳе байналмилалӣ аст, ки барои расидагӣ ба ҷароими наслкушӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва ҷинояти ҷангӣ ташкил шуда ва мақарри он дар Гаага (Лоҳа)-и Нидерландия аст.

 

Барчасп