Таҳлил: Эътирози мардуми Кареяи ҷанубӣ ба истиқрори сомонаҳои низомии Амрико
(last modified Sun, 09 Jan 2022 06:39:15 GMT )
Январ 09, 2022 11:39 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Эътирози мардуми Кареяи ҷанубӣ ба истиқрори сомонаҳои низомии Амрико
    Таҳлил: Эътирози мардуми Кареяи ҷанубӣ ба истиқрори сомонаҳои низомии Амрико

Шаҳрвандони Кареяи ҷанубӣ хостори барчида шудани сомонаҳои мушакии Амрико аз он кишвар шуданд.

Мардуми минтақаи "Суенг ҷу" дар ҷануби шарқии Сеул пойтахти Кареяи ҷанубӣ мегуянд: Сомонаи мушакии Амрико бидуни мувофиқати онҳо дар ин макон мустақар шуда ва назари онҳо дар ин  замина мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифтааст.

 

Ким Юнг аз аҳолии минтақа мегуяд, мақомоти Кареяи ҷанубӣ ба мо гуфта буданд истиқрори ин таҷҳизоти низомӣ муваққатӣ аст, аммо гомҳое,ки бардоштаанд ҳокӣ аз доъимӣ будани иқдомоти онҳо аст.

"Порк Су Геу" яке дигар аз муътаризон мегӯяд,рустои Суенг Ҷу як рустои ором аст, аммо акнун дар ҳоли вайрон шудан аст ва бархе онро зиндони бидуни мила меноманд.

Эътироз ба истиқрори сомонаи мушакии Амрико дар Кареяи ҷанубӣ дар солҳои ахир муҳимтарин чолиш дар равобити дифоъии амниятии ду кишвар будааст.

Масъалаи истиқрории сомонаи мушакии Амрико дар Кареяи ҷанубӣ аз соли 2016 матраҳ шуд ва ниҳоятан дар соли 2017 истиқрори ин сомона ба итмом расид.

Бар асоси гуфтаи мардум ва масъулони маҳаллӣ дар минтақаи "Суенг Ҷу" мақомоти Кареяи ҷанубӣ ваъда дода буданд,ки сомонаи мушакии Амрико дар ин минтақа муваққат хоҳад буд ,аммо иқдомоте дар дастури кор аст,ки нишон медиҳад ин сомонаи доъимӣ аст.

Давраи тозае аз эътирозҳо дар Кареяи ҷанубӣ ба истиқрори сомонаи мушакии Амрико дар шароите,ки бештари мардуми минтақаи "Суенг Ҷу" фикр мекарданд ,ин сомона барои як давраи муваққат насб шудааст ва ниҳоятан пас аз як давраи миён муддати 3 то 5 сол барчида хоҳад шуд.

Аммо бо гузашти ҳудуди панҷ сол аз насби таҷҳизоти сомонаи мушакии Амрико дар Кареяи ҷанубӣ,натанҳо иқдоме барои барчидани ин сомона анҷом нашудааст балки сиёсатҳо дар масири доимӣ шудани сомона пеш меравад.

Амрико дар солҳои ахир ва ба хусус аз соли 2016 то кунун талош карда бо он чӣ таҳдидоти Кареяи   шимолӣ дар минтақаи шарқӣ Осиё ба хусус барои Кареяи ҷанубӣ мехоҳанд, сиёсате ҳарос аз Пиюнг Ёнгро  дар сатҳи минтақа ба гунае афзоиш диҳад ,ки битавонад аҳдоф ва барномаҳои худро ба пеш бибарад.

Давлати Амрико дар гоми нахуст дар садад аст бо эҷоди ҳарос аз барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Кареяи шимолӣ барои ду кишвари Ҷопон ва Кареяи ҷанубӣ ,ки дучори таниш бо Пюнг Ёнг аст, зимни тасбит ва тақвияти пойгоҳои низомии худ дар он ду кишвар, битавонад ононро ба хариди таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ ва таслиҳоти мудерн маҷбур кунад.

Дар моҳҳои ахир ҳам ҳамзамон бо анҷоми бархе озмоишҳои мушакии Кареяи шимолӣ, муҷаддадан Амрико сиёсати фишор бар Кареяи ҷанубӣ барои ҳифзи пойгоҳҳои низомии худ дар ин кишварро ба баҳонаи таҳдидот ва хатароти Пюнг Ёнг афзоиш дода то битавонад сиёсати фурӯши силоҳи минтақаи шарқи Осиёро пайгирӣ кунад.

Бар рағми он,ки давлати Кареяи ҷанубӣ дар давраи Тромп талошҳои бисёре  барои ба натиҷа расидани музокироти Амрико ва Кареяи шимолиро анҷом дод, аммо зиёдахоҳиҳои Кохи Сафед ин гуфтугуҳоро ноком гузошт ва мақомоти Пюнг Ёнг пас аз нақзи ваъдаҳои Вашингтон, озмоишҳои мушакӣ ва ҳастаиро аз сар гирфт.

Аз замони ба қудрат расидани Байден дар Амрико,зоҳиран масъалаи Кареяи шимолӣ ҳамонанди давраи Тромп бо ҳассосият ва ҷиддият дунбол намешавад ва метавон гуфт ,ки ин кишвар аз авлавияти аввали сиёсати хориҷии Кохи Сафед канор рафтааст.

 

Бештар бихонед: