Ноябр 15, 2016 19:41 Asia/Dushanbe
  • Идомаи боздошти террористҳо дар Русия

Маъмурони амниятии Русия рӯзи сешанбе панҷ нафарро пеш аз иҷрои барномаи террористии худ дар Маскав боздошт карданд.

Равобити умумии Созмони амнияти федерали Русия эълом кард, ки боздоштшудагон шаҳрвандоне аз ҷумҳурии Ингушистон дар минтақаи Қафқоз ҳастанд ва қасд доштанд, дар Маскав бомбгузорӣ кунанд.

Бар асоси ин гузориш, аз маҳалли зиндагии ин афрод панҷи аслиҳаи худкор, ду бомб бо тавони инфиҷории 10 килограмм TNT, чошнӣ ва муҳимот ба ҳамроҳи чанд аслиҳаи дигар кашф шудааст.

Фармондеҳи ин афрод моҳи октябр ҳамроҳи панҷи террористи дигар дар таъқибу гурез дар ҷумҳурии Ингушистон кушта шуд.

Рӯзи якшанбе низ 10 террористи вобаста ба ДИИШ ҳамроҳи бомби дастсоз ва қавӣ ва чанд аслиҳа пеш аз анҷоми амалиёти террористӣ дар Маскав ва Санкт-Петербург боздошт шуданд.

Террористҳои боздоштшуда дар Санкт-Петербург аз атбои Қирғизистон ва Узбакистон муаррифӣ шуданд.

Русия бо таваҷҷуҳ ба ҳузури ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди худ дар суфуфи террористҳо дар Сурия ва Ироқ ва хатари бозгашти онон, тадобири амниятии густардаеро ба иҷро гузоштааст.

 

Барчасп