Январ 14, 2022 19:00 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ дар иёлати Иллинойси Амрико

Дар 2 тирандозии ҷудогона дар иёлати Иллинойс 2 навҷавони 14 сола кушта шуданд.

Полиси Амрико эълом кард, як писари 14 сола ба зарби гулула дар бахши ҷанубии шаҳри Чикагои иёлати Иллинойс кушта шуд.

Сооте қаблтар низ як писари дигар бо ҳамин син дар бахши ғарбии ин шаҳр ба зарби гулула ҷони худро аз даст дод.

Полис эълом кард, ҳеч кас дар иртибот бо ин тирандозиҳо дастгир нашудааст.

Дейвид Браун, мақоми полиси шаҳри Чикаго эълом кард, дар соли ҷорӣ то кунун 284 қабза силоҳи ғайриқонунӣ дар ин шаҳр кашфу забт шудааст.

Бар асоси оморҳои расмии эъломшуда, ба таври миёнгин дар Амрико рӯзона ҳудуди сад нафар бо шиллики силоҳи гарм ҷони худро аз даст медиҳанд.

Бар асоси банди дувуми қонуни асосии Амрико, афрод метавонанд озодона ва бидуни ҳеҷ манъи қонунӣ иқдом ба хариду фурӯши силоҳ кунанд.

 

 

 

 

 

Барчасп