Идомаи таниш миёни Амрикову Русия бар сари Украина
(last modified Sun, 16 Jan 2022 06:30:29 GMT )
Январ 16, 2022 11:30 Asia/Dushanbe
  • Идомаи таниш миёни Амрикову Русия бар сари Украина

Вазири умӯри хориҷаи Амрико дар идомаи танишҳо миёни Вашингтону Маскав бар сари Украина бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо телефонӣ дар ин замина гуфтугӯ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати умӯри хориҷаи Амрико эълом кард Блинкен ва Боррел дар бора ҳамоҳангии наздики худ ба ҳамроҳи муттаҳидони НАТО ва шаракони аврупоӣ ҷиҳати посух ба идомаи истиқрори низомии нигаронкунандаи Русия дар дохилу наздики Украина гуфтугӯ карданд .
Вазири хориҷаи Амрикои бори дигар ҳушдор дод, ки ҳар гуна таҳоҷуми бештари Русия алайҳи Украина бо авоқиби сареъ, шадид ва ҳамоҳангшуда мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Пеш аз ин муовини Блинкен иддао кард, ки ҳамлаи интернетии бузурге алайҳи Украина дар рӯзи ҷумъа " бахше аз равишҳои бозии Русия " аст, ки қаблан низ аз он истифода кардааст .

Виктория Ноланд-муовини умӯри сиёсии вазири умӯри хориҷаи Амрико дар мусоҳиба бо Файненшел таймс,Русияро масъули ин ҳамлаи даҳҳо вебсайти давлатии Украинаро ҳадаф қарор дод надонист бо ин ҳол Маскавро муттаҳам кард ва гуфт, ки ин таҳаввулот бахше аз як улгӯи ошнову нигаронкунанда аз иқдомоти Маскав аст .
Ин мақоми Амрико иддао кард дар гузашта ، авомили русӣ ин корро барои бесабот кардани давлатҳо,озмоиши тавоноиҳои худ, тазъифи ҳисси эътимод дар кишварҳои мавриди ихтилоф анҷом додаанд .

Амрико эълом кардааст. ки агар Русия ба Украина ҳамла кунад бо иқдомоти ҷавобии густардаи Амрикову муттаҳидонаш дар Аврупо, аз ҷумла таҳримҳои иқтисодӣ ва молӣ дар миқёси бисёр бузургтар аз иқдомот ва таҳримҳои соли 2014, замоне ки Қирим ба Русия пайваст шуд,мувоҷеҳ хоҳад шуд .