Номаи зиддиэронии ҷумҳурихоҳон ба Байден барои ташдиди таҳрими нафтӣ
Сенаторҳои ҷумҳурихоҳ бо ирсоли номае аз раисиҷумҳури Амрико хостанд, иҷрои таҳримҳои нафтӣ алайҳи Теҳрон ва харидорони нафти Ҷумҳурии Исломии Эронро ташдид кунад.
Том Коттон, сенатори тундрави ҷумҳурихоҳ ва аз мунтақидони Бар Ҷом ба ҳамроҳи 9 сенатори дигари Ҷҷмҳурихоҳ бо ирсоли номае ба Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико зимни интиқод аз афзоиши содироти нафти Эрон, хоҳони иҷрои таҳримҳо алайҳи нафткашҳои ҳомили нафт ва харидорони нафти Эрон шуданд.
Сенаторҳои ҷумҳурихоҳи Амрико ба раҳбарии Коттон дар номаи худ ба Байден, ки рӯзи гузашта (ҷумъа) мунташир шудааст, навиштанд: «Моликони киштӣ ва муштариёни нафти Эрон дар Чин бештар риск мепазиранд, зеро муътақиданд, ки давлати шумо барои танбеҳи онҳо ба хотири ҷароиме, ки муртакиб мешаванд, бисёр заъиф ва билотаклиф аст».
Ин сенаторҳои ҷумҳурихоҳ, ки барои аз байни бурдани БарҶом дар даврони раёсатҷумҳурии Барак Обама ва ҳамчунин Доналд Трамп низ ба иттиҳомзанӣ ба Эрон идома дода буданд, дар ин нома муддаӣ шуданд: «Ҳар рӯзи таъхир, замони бештаре ба Эрон барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ медиҳад».
Ирсоли ин нома дар ҳоле сурат мегирад, ки даври ҳаштуми музокироти Вена ба манзури рафъи таҳримҳо байни ҳайатҳои музокиракунандаи Эрону гурӯҳи 1+ 4 ва ҳамоҳангкунандаи Иттиҳоди Аврупо дар ҷараён аст.
Дар ҳоле, ки Амрико дар соли 2018 ба таври ғайриқонунӣ аз тавофуқи Бар Ҷом хориҷ шуд, Нед Прайс, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико сешанбеи гузашта эълом кард, давлати пешини Амрико барои мо гузинаҳои баде ба ҷо гузоштааст ва корзори фишори ҳаддиаксарии комилан шикаст хӯрд ва ҳарчӣ ин корзор ваъда дода буд, хилофи он воқеъ шуд.
Бештар бихонед: