Амирабдуллоҳиён: Эрон омодаи ҳусули тавофуқе пойдор дар Вена аст
(last modified Sat, 05 Feb 2022 08:53:14 GMT )
Феврал 05, 2022 13:53 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Эрон омодаи ҳусули тавофуқе пойдор дар Вена аст

Вазири умури хориҷа дар гуфтугӯ бо ҳамтои ҷопонии худ зимни ташаккур аз иҳтимому эъломи омодагии Ҷопон барои кумак ба пешрафт дар музокироти Вена бар омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳусули тавофуқи хуб, пойдор ва қобили иттико таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Ёсимаса Хаяси, вазири умури хориҷаи Ҷопон дар тамосе бо Ҳусайн Амирабдуллоҳиён дар бораи раванди равобити дуҷониба ва масоили мавриди иҳтимоми муштарак дар арсаи минтақаӣва байналмилалӣ гуфтугӯ ва табодул назар кард.

Дар ин тамоси телефонии ду тараф дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф ва раванди музокироти Вена гуфтугӯ карданд.

Вазири умури хориҷаи Ҷопон равобити ду кишварро таърихӣ ва бисёр муҳим хонд.

Вай зимни ҳимоят аз музокироти Вена барои рафъи таҳримҳо ва тавофуқи ҳастаӣ, бар зарурати иқдомоти ҷиддӣ аз сӯи ҳамаи тарафҳо дар ростои пойбандӣ ва амал ба тааҳҳудоти худ ва ғанимат шумурдани фурсати кунунӣ барои дастёбӣ ба тавофуқ таъкид кард.

Ёсимаса Хаяси ҳамчунин бар вуҷуди заминаҳои мусоид барои тавсеа ва густариши беш аз пеши равобити иқтисодӣ байни Эрону Ҷопон бо рафъи мавонеи мавҷуд, таъкид ва аз вазири умури хориҷаи Эрон барои сафар ба Токио даъват кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ аз тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталифу мутанаввеъ бо кишвари Ҷопон истиқбол кард.

Вай ҳамчунин зимни истиқбол аз даъвати ҳамтои ҷопонии худ, ибрози умедворӣ кард, дар аввалин фурсат дар сафар ба Токио ва дидор бо мақомоти Ҷопон, тавсеа ва иртиқои ҳамаҷонибаи равобити Теҳрон бо Токио ба унвони дусти қадимии Эрон аз наздик мавриди пайгирӣува ройзанӣ қарор гирад.

Амирабдуллоҳиё ҳамчунин аз иҳтимом ва эъломи омодагии Ҷопон барои кумак ба пешрафт дар музокироти Вена ташаккур ва бар омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳусули тавофуқи хуб, пойдор ва қобили иттико таъкид кард.