Феврал 05, 2022 19:47 Asia/Dushanbe
  • Талоши Амрико ва 8 кишвари дигар барои маҳкумияти Кореяи шимолӣ

Амирко ва 8 кишвари дигар пас аз нокомӣ дар ҷаласаи ғайри алании шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид, бори дигар аз ин созмон хостанд то озмоишҳои мушакии ахири Кореяи шимолиро муҳкум кунанд.

Ҷалсаи шӯрои амнияти Созмони Миллалӣ Мутаҳид, дувумин талоши Амрико ва дигар кишварҳои ҳамсуди бо он дар ду ҳафтаи гузашта буд то Кореяи шимолиро аз силсила партобҳои мушакии ахираш боз дорад.

Кореяи шимолӣ душанбеи гузашта озмоиши мушаки миёнбурди баллистикӣ бо номи Ҳавосунг-12 худро таъид ва эълом кард ҳадаф аз ин партоб, тайиди саломати системаи таслиҳотии ин мушак буда аст.

Линда Томас Гринфелд, намояндаи Амрико дар Созмони Миллали Муттаҳид дар баёнияи муштарак эълом кард; Мо ба шиддат ин иқдоми ғайриқонуниро маҳкум мекунем ва муътақидем, ки сукут дар баробари иқдомоти Кореяи шимолӣ ҳазинаи сангин хоҳад дошт.

Ин баёния ба имзои намояндагони 8 кишвари Созмони Миллалӣ Муттаҳид яъне Олмон, Бразилия, Британия, Фаронса, Ирланд, Ҷопон, Норвеж ва Аморот расида аст.

Кореяи шимоли муътақид аст таҳдидҳо ва душмании Вашингтон ба ҷои хатарнок расида аст ва бо ишора ба размоишҳои муштараки Амрико ва Кореяи ҷанубӣ ва истиқрори силоҳҳои стротежикӣ дар минтақа ва эъмоли таҳримҳои мустақил дар канори таҳримҳои Созмони Миллали Муттаҳид бояд барои муқобилаи дарозмуддат бо империализми Амрико омодагии бештар дошта бошад.

 

Барчасп