Таҳлил: Эътирофи Амрико ба қудрати низомии Эрон
(last modified Wed, 09 Feb 2022 10:01:33 GMT )
Феврал 09, 2022 15:01 Asia/Dushanbe
  • Курилла: Мушакҳои сатҳи ба ҳавоӣ Эрон қобили таваҷҷуҳи зидди таҷҳизоти Амрико ба шумор мераванд
    Курилла: Мушакҳои сатҳи ба ҳавоӣ Эрон қобили таваҷҷуҳи зидди таҷҳизоти Амрико ба шумор мераванд

Генерал Майкл Курилла, номзади раёсати Ситоди фармондеҳии марказии Амрико (СЕНТКОМ) рӯзи сешанбе дар ҷаласаи баррасии салоҳияти худ дар Кумитаи неруҳои мусаллаҳи Сенат гуфт: Эрон ҷиҳати бархурдорӣ аз тавонмандиҳои пешрафтаи низомӣ, дар ихтиёр доштани шабакаи васеи гуруҳҳои ниёбатӣ ва тамоюл гоҳ барои тавассул ба зӯр зидди Амрико ва муттаҳидони Вашингтон ҳамчунон аслитарин таҳдид барои фаъолияти СЕНТКОМ ба шумор меравад.

Вай ки то кунун фармондеҳии Сипоҳи ҳаждаҳуми неруҳои ҳавобурдро бар уҳда дошт, муддаӣ шуд: Аслитарин абзорҳои Теҳрон барои қудратафканиро мушакҳои боллистикӣ, паҳподҳо ва тавонмандиҳои дарёиро ба густариши ин кишвар ташкил медиҳад. Дороиҳои мушакии Эрон шомили мушакҳои миёнбурд ва кутоҳбурд аст, ки қодиранд хатаротеро мутаваҷеҳи аҳдофи бисёре дар минтақа кунанд. Ӯ ҳамчунин муддаӣ шуд: Мушакҳои сатҳ ба ҳавои Эрон таҳдиди қобили таваҷҷуҳе зидди таҷҳизоти иттилоотӣ, шиносоӣ ва ҷосусии Амрико, ки дар ҳарими ҳавоии байналмиллалӣ фаъолият мекунанд, ба шумор мераванд.

Илова бар ин, фанновариҳои крузҳои дарёии Эрон талошҳои "зидди дастрасӣ" ва "манъи минтақаи"-и Эронро тақвият кардааст.

Эътирофи ин фармондеҳи аршади амрикоӣ ба қудрати низомии Эрон нишонгари ин воқеъият аст, ки бо вуҷуди чанд даҳа таҳримҳои густардаи таслеҳотии зидди Эрон,  аммо саноати низомӣ ва нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонистанд то зимни эҷоди бунияи қавии дифоӣ ва таслеҳотӣ, тавонмандии низомии қобили таваҷуҳеро тавсеа диҳанд, ки сабаби нигаронии Амрико шудааст.

Бо вуҷуди таҳримҳои якҷониба ва чандҷониба, Эрон ба унвони як қудрати минтақа шинохта мешавад ва тавоноии дифоъ аз худ дар муқобили ҳар гуна таҳдиди минтақаӣ ва фароминтақаӣ бархурдор аст. Ваншенгтон ҳамвора дар ростои густариши Эронҳаросӣ талош карда то қудрати низомии Эронро ба андозаи таҳдид зидди кишварҳои минтақа, ба вижа кишварҳои ҷануби Халиҷи Форс ҷилва диҳад то ба ин тартиб зимни таваҷҷуҳи ҳузури низомиёни номашруи худ дар минтақа, ба хусус дар Халиҷи Форс, ин кишварҳоро ба хариди таслеҳоти миллиардҳо доллар аз Амрико ташвиқ намояд. Ин дар ҳоле аст, ки чандин даҳа ҳузури низомиёни Амрико дар Халиҷи Форс аз авомили муҳими ташдиди бесуботӣ, ноамнӣ ва густариши терроризм дар ин минтақа будааст.

Дар  ҳоле, ки докторинаи дифоии Ҷумҳурии Исломии Эрон асосан мубтанӣ бар асли боздорандагӣ тавсеа ёфтааст. Барои эҷоди боздорандагии воқеӣ, доштани тавоноии низомӣ ва таслеҳотии муътабар ва дар ихтиёр доштани нерӯҳои мусаллаҳи қудратманд ва муҷаҳҳаз нақше асосӣ дорад. Яке аз аркони аслии боздорандагии Ҷумҳурии Исломии Эрон эҷод ва тавсеаи зарродхонаи мушакии боллистикӣ аст, ки шомили анвои мушакҳои боллистикӣ бо бурдҳои мухталиф аст, ки ҳароси зиёде дар душманони низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба вижа Амрико ва режими саҳюнистӣ эҷод кардааст.

Робин Райт (Robin Wright), таҳлилгари амрикоӣ мегӯяд: Эрон бар тавлиди мушакҳое бо бурди болотар, диққати болои исобат ва қудтари тахриби бештар тамаркуз кардааст. Ожонси иттилоотии дифоӣ гузориш додааст, ки Эрон дар ҳоли ҳозир, яке аз бартарин тавлидкунандагони мушаки ҷаҳон ва зарродхонаи он бузургтарин ва мутанавеътарин зарродхона дар Ғарби Осиё аст.

Ҷанбаи дигари боздорандагии Эрон, ҷанги бетаносуб аст, ки боз ҳам санъати дифоӣ нақши муҳиме дар тадорукоти таҷҳизот ва таслиҳот барои анҷоми ин навъ ҷанг бар уҳда дорад. Дар ин росто нерӯҳои дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ садҳо фарванд анвои шиноварҳои тундрав дар абъоди мухталифро амалиётӣ кард ва ба ин тартиб қудрати қобили таваҷҷуҳеро дар заминаи муқобила бо таҳдидоти дарёии Амрико дар Халиҷи Форс дар ихтиёр дорад.  Зимни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон пешрафтҳои бесобиқае дар заминаи фанновариҳои низомии пешрафтае монанди сохти анвои паҳподҳо, сомонаҳои падофанди ҳавоӣ, анвои мушакҳои крузи заминӣ ва зиддикиштӣ сурат дод, ки унсури муҳиме барои муқобила бо таҳдидоти минтақаии Амрико маҳсуб мешаванд, ба вижа сарнагун сохтани паҳподи пешрафтаи "Глобал Ҳоук"-и Амрико тавасути падофанди ҳавоии Эрон дар Халиҷи Форс ба равшании тавонмандии дифоии Эрон дар муқобили ҳар гуна иқдоми таҳоҷумӣ аз ҷониби Амрикоро нишон дод.

Дар маҷмуъ афзоиши қудрати низомии Эрон сабаби ҳароси физояндаи фармондеҳони низомии Амрико шуд ва эътирофи генерал Майкл Курилла, номзади фармондеҳии СЕНТКОМ низ гувоҳе бар ин масъала аст.

 

Бештар бихонед: