Феврал 13, 2022 09:56 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи Макрон ва Путин дар бораи Украина

Раиси ҷумҳӯри Русия ва Эмануэл Макрон-ҳамтои фаронсавии ӯ ба муддати як соъату 40 дақиқа дар бораи буҳрони Украина телефонӣ гуфтугӯ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонмитрий Псков-сухангӯи Кремл зимни эъломи ин матлаб ҷузъиёти бештаре дар ихтиёри расонаҳо қарор надод .
Порис низ эълом карда, ки Макрон ба Путин гуфта, ки музокирот  бо авҷгирии танишҳо бар сари Украина ҳамоҳангӣ надорад .
Макрон чанд рӯз пеш барои нахустин бор аз ҳангоми оғози буҳрони Украина дар соли гузашта дар кохи Кремли Маскав бо Путин дидору роҳҳои пешбурди иҷрои тавофуқномаи Минск ва ҳамчунин шароити истиқрори амнияту субот дар Аврупоро баррасӣ кард .
Дар ҳамин ҳол Ҷо Байден-раиси ҷумҳурии Амрико ҷумъа дар дидори маҷозӣ бо сарони кишварҳои ғарбӣ ва Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО муддаӣ шуд, ки Русия 16 феврал ( чаҳоршанбе ) ба Украин ҳамла хоҳад кард .
Владимир Зеленский-раиси ҷумҳурии Украина шанбе хитоб ба хабарнигорон гуфт : Агар шумо ( Байден ) ё ҳар каси дигаре иттилооте дар мавриди тадоруки 100 дарсадии таҳоҷуми Русия ба Украина дар рӯзи 16 феврал ё пас аз ин таърих дар ихтиёр доред ба мо ироа диҳед .
Раиси Ҷумҳурии Украин тасреҳ кард, ки дар фазои иттилоърасонӣ ахбори бисёр зиёде дар мавриди таҳоҷуми Русия ба Украин дар рӯзи 16 феврал вуҷуд дорад .

Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия ҳам дар гуфтугӯи телефонӣ бо Блинкин -ҳамтои амрикоии худ таъкид кард, ки корзори таблиғотии « таҷовузи Русия » ба Украина аҳдофи таҳрикомезро дунбол мекунад .
Лавров дар ин тамоси телефонӣ ба ғайри қобили қабул будани иқдомоти ноқизи таъаҳҳудоти тақсимнопазирии амният дар Иттиҳодияи Аврупо - Атлантика таъкид кард .

 

Барчасп