Феврал 17, 2022 14:03 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Вазорати хориҷаи Амрико: Дар мароҳили поёнии музокироти печидаи Вена ҳастем

Сухангуи Вазорати хориҷаи Амрико ҳамзамон бо музокироти Вена миёни Эрон ва гуруҳи 4+1 ки ба марҳалаи тасмимоти сиёсии ғарб ба вижа Вашингтон расидааст, изҳор кард дар мароҳили поёнии як музокираи печида ҳастем.

Эдворд Прайс дар бораи эҳтимоли дидори Ҳусейн Амирабдуллоҳиён ва Энтони Блинкен, вазирони хориҷаи Эрон ва Амрико дар ҳошияи иҷлоси амнияти Мюнхен афзуд, ки интизори дидори вазирони умури хориҷаи Амрико ва Эрон дар Мюнхен нест аммо бояд бигуем ҳамонтавре, ки қаблан ҳам эълом кардаем, музокироти мустақими миёни Эрон ва Амрико дар мавриди мавзуъи Вена дар ростои манофеъи мо хоҳад буд.

Сухангуи Вазорати хориҷаи Амрико бо баёни ин ки мо дар ҳоли ҳозир дар музокироти ғайри мустақим бо Эрон ҳастем ва паёми онҳо аз тариқи шарикони мо мунтақил мешавад, иддао кард, ки ин амр дар музокирот бо ҷузиёти зиёди фаннӣ ва печида, монеъи эҷод карда аст.

  • Эдворд Прайс муддаи шуд музокироти мустақим ба нафъи талошҳои мо барои барраси имкони бозгашт ба пойбанди муштарак ба БарҶом хоҳад буд.
  • Jen Psaki сухангуи Кофи Сафед низ рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ эълом кард қатъан аз талошҳо ва фурсатҳо ҷиҳати таъоммули мустақим бо эрониҳо ҳимоят мекунем.

Эрон дастури кори худро дар Вена мушахас кард ва тасмимоти сиёсии худро гирифта аст ва ҳоло замон он расид, ки ғарбиҳо бо иттихози тасмимоти сиёсӣ, барои расидан ба тавофқуи ниҳои иқдом кунанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон чизе фаротар аз тазмини манофеъи миллӣ ва лиҳоз шудани мутолиботи машруъи худ дар матни воҳид ва ниҳоӣ тавофуқи музокироти Венаро дунбол намекунад ва ин сиёсати Эрон ба сабаби таҷрубаи бадаҳдии Амрико дар хуруҷ аз БарҶом ва тазмин нашудани манофеъи миллии Эрон ба сурати пойдор аст.

 

Барчасп