Ноябр 19, 2016 15:32 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқаи пӯшидани рӯсарӣ дар Маскав

Мусобиқаи бастани рӯсарии исломӣ бо унвон "7 рӯз бо рӯсарӣ" дар миёни бонувони мусалмони Русия баргузор мешавад.

Идораи рӯҳонияти мусалмонони Маскав эълом кард, ширкат дар ин рақобат барои ҳама бонувони Русия озод аст. Алоқамандон ба ширкат дар мусобиқаи “7 рӯз бо рӯсарӣ” бояд аксҳои худро бо рӯсарӣ ба теъдоди номаҳдуд дар сафҳаи иҷтимоии ин ниҳод бигузоранд.

Озмун барои беҳтарин роҳи бастани рӯсарӣ аз 21 ноябр шурӯъ мешавад ва то 26 ноябр идома дорад. Барандагони ин озмун соҳиби туҳфаи Идораи рӯҳонияти мусалмонони Маскавро дарёфт хоҳанд кард.

 

Барчасп