Путин дастури вуруди артиши Русия ба Донетск ва Луганскро содир кард
(last modified Tue, 22 Feb 2022 10:17:34 GMT )
Феврал 22, 2022 15:17 Asia/Dushanbe
  • Путин дастури вуруди артиши Русия ба Донетск ва Луганскро содир кард

Владимири Путин, раисиҷумҳури Русия пас аз ба расмият шинохтани Ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск дастур дод, нерӯҳои ҳофизи сулҳи ин кишвар вориди ин манотиқ шаванд.

Владимир Путин асри душанбе эълом кард, ки Маскав истиқлоли Ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс ва Луганскро ба расмияти шинохта ва дар Кремл қарордодҳои ҳамкорӣ ва дӯстиро бо сарони ин ҷумҳуриҳо имзо кард.

Денис Пушилин ва Леонид Паник, раҳбарони ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Лугански Украина рӯзи душанбе аз раисиҷумҳури Русия хоста буданд то ин манотиқро ба унвони ҷумҳуриҳои мустақил ба расмият бишиносад.

Ҳафтаи гузашта Думаи Русия низ бо ирсоли дархосте аз Путин, хоста буд то истиқлоли ҷудоталабони Донетск ва Луганск аз Украинаро ба расмият бишиносад.

Путин дар гуфтугӯ бо Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса ва Олаф Шолтс,садри аъзами Олмон, онҳоро аз натоиҷи нишасти Шӯрои амнияти Русия дар мавриди баррасии вазъияти минтақаи Донбасс бо тавваҷуҳ ба дархости сарони ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс ва Луганск огоҳ карда буд.

Минтақаи Донбасс дар шарқи Украин аз манотиқи Донетск ва Луганск ва низ чанд минтақаи руснишини дигар ташкил шуда ва ин ду устон дар соли 2014 пас аз тағйири ҳукумат дар Украина ба таври якҷониба аз Киев эъломи истиқлол карданд.

Бештар бихонед: