Ноябр 19, 2016 18:24 Asia/Dushanbe
  • Паёми роҳпаймоёни Арбаини Ҳусайнӣ дар масири Наҷаф то Карбало ба ҷаҳониён

Роҳпаймоёни Арбаини Ҳусайнӣ (а) бо таҳияи тӯморе бо чандин ҳазор имзо, паёми бузургтарин иҷтимои солонаи мардумии ҷаҳонро табйин карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, роҳпаймоёни Арбаини Ҳусайнӣ (а) дар масири Наҷаф то Карбало номае хитоб ба мардуми ҷаҳон мунташир карданд, ки зимни ироаи тавзеҳоте дар бораи шаклгирии муносиботи мухталифи зиндагии имрӯзӣ бар асоси манофеи мустакбирон ва авомили ҷудоии миллатҳо бо даъвоҳои нажодӣ, мардуми кишварҳои мухталифи ҷаҳонро ба мубориза бо зулм даъват карданд.

Роҳпаймоёни Арбаини Ҳусайнӣ (а) дар масири Наҷаф то Карбало ҳамчунин бар ҳимоят аз мазлум ва мубориза бо зулм таъкид карданд.

Ин нома токунун тавассути ҳазорон нафар имзо шудааст ва пешбинӣ мешавад, ки аз марзи як миллион имзо убур кунад.

Матни номаи роҳпаймоёни Арбаини Ҳусайнӣ (а) дар масири Наҷаф то Карбало ба шаш забони арабӣ, форсӣ, урду, туркии истанбулӣ, англисӣ ва фаронсавӣ дар саҳифаи ArbaeenLetter дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар дастрас аст.