Феврал 24, 2022 17:25 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди ҳадаф қарор гирифтани марказҳои низомии Украина

Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Украина ҳадаф қарор гирифтани чандин маркази низомии Украина ва фурудгоҳҳои ин кишвар аз сӯи неруҳои мусаллаҳи Русияро таъйид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Украина бомдоди имрӯз ( панҷшанбе ) дар баёнияе дар шабакаи иҷтимои Фейсбук навишт : Ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакии Русия алайҳи Украина аз соъати панҷи бомдоди имрӯз ба вақти Киев оғоз шуда ва чандини маркази низомӣ ва фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои ҳавоии Украина мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифта ё бомбаборон шудааст .

Бар асоси ин баёния фурудгоҳҳои Бориспол ( фурудгоҳи аслии шаҳри Киев ) Озернум, Колбакино, Чогов, Чернобьевка ва марокизи низомии Украина дар чандин минтақаи ин кишвар ҳадафи ҳамалоти Русия қарор гирифтааст .
Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Украина дар идомаи баёнияи худ муддаӣ шуда, ки неруҳои мусаллаҳи Украина ҳамалоти Русияро дафъ мекунанд ва ин неруҳо дар омодагии размии комил барои муқобила бо ҳамалот ҳастанд .
Дар ин баёния гуфта шуда, ки вазъият таҳти контрол аст ва неруҳои украинӣ дар мавозиъи дифоии худ қарор доранд.
Дар баёнияи Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Украина  ҳамчунин фуруди чатрбозону аъзои неруи десантии Русия ба бандари Одесса, дар соҳили баҳри Сиёҳ такзиб шудааст .

Хабари дигаре аз хабаргузории давлатии Украина ҳокӣ аз ҳамлаи мушакии Русия ба пойгоҳи ҳавои Чогова дар устони Харков дар шарқи Украина аст, ки дуди сиёҳи ғализ аз ин маркази низомӣ мушоҳида мешавад .
Аз сӯи дигар Вазорати дифои Русия дар баёнияе ахбори бархе расонаҳои хориҷӣ мабнӣ бар сарнагунии як ҳавопаймои русӣ дар Украинаро такзиб кард .
Гузоришҳои расида аз Ҷумҳуриҳои халқии Донеск ва Луганск ҳам аз гулӯлаборони ҳамаи манотиқи ин Ҷумҳуриҳо дар хутути ҳоил тавассути неруҳои украинӣ ҳикоят дорад.

 

Барчасп