Русия ҳамлаи мушакӣ ба Киевро рад кард
Дар ҳоле ки бархе расонаҳо аз вуруди неруҳои Русия ба Киев ва ҳамлаи мушакӣ ба пойтахти Украина хабар доданд, Вазорати дифои Русия ҳамлаи мушакии ин кишвар ба Киевро рад кард.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “Русия - 24”, бархе расонаҳои украинӣ муддаӣ шуданд, ки Русия ба минтақае дар Киев, пойтахти Украина мушак партоб карда ва ин ҳамла харобиҳое ба бор овардаву талафоти ҷонӣ ба ҳамроҳ доштааст.
Бар асоси гузориши ин расонаҳо, мушаки русӣ ба як сохтмони маскунии чандтабақа дар Киев исобат кардааст.
Аз сӯи дигар, хабаргузории РИА Новости рӯзи ҷумъа ба нақл аз як мақоми Вазорати дифои Русия эълом кард, ки неруҳои мусаллаҳи ин кишвар ба Киев, пойтахти Украина ҳамлаи мушакӣ накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии “Русия – 24” соати 10 субҳи имрӯз ба вақти Маскав эълом кард, ки неруҳои Русия дар 30 километрии шаҳри Киев ҳастанд, аммо бархе расонаҳо ба нақл аз канали телевизионии “Раша Тудей” эълом карданд, ки неруҳои Русия вориди Киев шудаанд.