Гузоришҳо аз суқути пойтахти Украина
Хабаргузории “Ассошейтед Пресс” аз тирандозӣ ва даргириҳо дар наздики кохи давлат дар Киев хабар дод.
Ба гузориши бахши байналмилали Хабаргузории садо ва симо, хабарҳо аз суқути Киев, пойтахти Украина ҳокӣ аст.
Артиши Украина тӯпҳои 203 милиметриро дар маркази Киев мустақар кард.
Набардҳо дар шимоли Киев ба шаҳри Минск расидааст.
Нерӯҳое, ки дар ин минтақа ва меҳвар амал мекунанд, умдатан ягонҳои ҳавобурди артиши Русия ҳастанд, ки ба сурати густарда нӯки пайкони ҳамларо дар ихтиёр доранд.
Манобеи огоҳ, аз вуруди неруҳои Русия ба Киев, пойтахти Украина ва тасарруфи як истгоҳи метро хабар доданд.
Хабарнигори шабакаи телевизионии “Алҷазира” хабар дод, бо вуруди мошинҳои зиреҳии артиши Русия ба маҳаллаи Аполлон дар Киев, даргириҳое дар ин минтақа оғоз шуд.
Вазири дифои Украина, ки бештари мардумро ба сохту истифода аз коктейли Молотов тавсия карда буд, дақоиқе пеш дар фазои маҷозӣ навишт, неруҳои рус дар либоси низомиёни украинӣ вориди шаҳри Киев шудаанд.
Расонаҳои ғарбӣ сооте пеш эълом карданд, неруҳои рус ба 30 километрии Киев расидаанд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алҷазира”, манобеи амниятӣ дар Украина гуфт, дар маҳаллаи Аполлони шаҳри Киев даргирии шадиде оғоз шудааст, неруҳои украинӣ ва сокинони ин маҳалла дар баробари неруҳои рус истодаанд.