Феврал 26, 2022 22:38 Asia/Dushanbe
  • Русия ба пешнависи қатномаи амалиёти низомии худ дар Украина ба далели \\\
    Русия ба пешнависи қатномаи амалиёти низомии худ дар Украина ба далели \\\"Моҳияти зидди русии\\\" он райи манфи дод.

Русия дар ҷаласаи райгирии рӯзи ҷумъаи Шӯрои амнияти Созмони Миллал, қатномаи маҳкумияти ҳамалот ба Украинаро вето кард.

11 кишвар ба пешнависи қатнома райи мусбат ва Чину, Ҳинд ва Аморот райи мумтанеъ доданд ва Русия, ки дорои ҳақи вето аст ба ин пешнавис райи манфи дод. Барои тасвиби ҳар қатънома дар Шӯрои амнияти Созмони Миллал, тайиди ҳадиақал 9 узв аз 15 узв лозим аст ва илова бар он ҳеҷ як аз 5 узви доим набояд мухолифат бо қатънома дошта бошанд.

Василий Небензя "Vasily Nebenzy" намояндаи доими Русия дар Созмони Миллал дар ин ҷаласа гуфт, ки Русия ба пешнависи қатъномаи амалиёти низомии Худ дар Украина ба далели "Моҳияти зидди русӣ" он райи манфи дода аст. Вай таъкид кард, ки Русия дар ҳоли ҷанг бо Украина нест, балки амалиётеро барои ҳифозат аз ҷамъияти минтақаи Донбасс ва нозизудоии Украина анҷом медиҳад.

Ҳамонгунае, ки пешбини мешуд дар нахустин марҳалаи аз корзори зидди Русия, ки тавассути ғарбиҳо бар саркадагии Амрико дар арсаи байналмиллалӣ дар ҳоли анҷом аст, Русия бо тавтеаи қатъномаи пешниҳодии Васенгтон ва шарикони он монеъ аз таҳаққуқи аҳодфи ғарбиҳо дар заминаи инзивои Маскав ва низ эҷоди заминаи қонунии лозим барои иқдоми байналмиллаӣ зидди Русия шуд.

Русия борҳо ба ғарбиҳо дар бораи тадовуми руйкарди хасмонаи он бо фишори НАТО барои тавсеа ба сӯи шарқ ва талош барои узвияти кишварҳои ҳавзаи хориҷи наздики Русия ба вижа Украина дода буд. Бо ин ҳол Амрико ва шариконӣ аврупоии он дар НАТО дар ростои маҳори Русия ва муҳосира ва заъиф ва дар ниҳоят таҷзияи он ҳам чунон ин раванди мухариб идома доданд. Давлати ғарбгароӣ Украина низ ба умеди пайвастан ба булуки ғарб ва пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО дар бозии ғарбиҳо ворид шуд ва руйкарди хасмона дар қиболи Маскав дар пеш гирифт.

Василий Небензя, намояндаи доими Русия дар Созмони Миллал дар ин замина мегуяд: Ғарб Украинаро дар бозии жеополетикии худ табдил ба як муҳра карда аст.

Нуктаи муҳим ин ки пас аз вокуниши амалии Русия дар қолаби оғози амалиёти низомии густарда, акнун ғарбиҳо амалан Украинаро дар муқобили Русия раҳо карданд, камо ин ки Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО сирфан ба маҳкум кардани ҳамлаи Русия пардохта ва таъкид карда аст, ки НАТО низомиёни худро ба Украина нахоҳад фиристод.

Амрико ба унвони сардамдори НАТО низ мавзеъи мушобеҳ иттихоз карда аст.

Бо таваҷҷуҳ ба нокомии ғарбиҳо дар Шӯрои амният, акнун ғард дар садад аст то масъали таҳоҷуми Русия ба Украинаро дар Маҷмаъи умумии Созмони Миллал матраҳ намояд. Дар ин росто 51 кишваре, ки умдатан муракаб аз кишварҳои ғарбӣ ва муттаҳидони ғарб  ҳастанд дар баёнияи муштарак пас аз он ки Русия қатъномаи пешниҳодии зидди худро дар нишасти Шӯрои амният вето кард, эълом карданд мавзуъи ҳамалаи Русия ба Украинаро дар Маҷмаъи умумии Созмони Миллал пайгири хоҳанд кард.

Албата корзори ҳамаҷонибаи ғарб зидди Русия дар қолаби эъмоли таҳримҳо бо шиддати бесобиқае дунбол мешавад, дар тозатарин вокуниш дар ин замина Амрико болотарин мақомоти Маскав яъне Владимир Путин, раиси Ҷумҳурӣ, Сергей  Лавров, вазири хориҷа, Сергей Шойгу, вазири дифоъ ва Валерий Гермасимов, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русияро таҳрим кард.

Дар баёнияи Вазорати хадонадории Амрико омада аст: Путин ва Лавров масъули мустақими ҳамлаи ғайри қонунӣ ва бедалели Русия ба Украина, ки як кишвари мутсақил ва демократи аст, ҳастанд.

Амрико пеш аз ин 11 узви Шӯрои амнияти Русияро таҳрим карда буд, Иттиҳодияи Аврупо низ ба ҳамроҳи Британия, Путин ва Лавровро таҳрим карданд.

Ғарб бар ин тасавур аст, ки ҳадиаксари фишорҳои мумкинро зидди Русия бо ҳадафи боздоштани он аз тадовуми амалиёти низомӣ дар Украина сурат медиҳад. Аммо ба назар мерасад Маскав аз қабл мунтазири ингуна иқдомот ва низ таҳримҳои иқтисодии густардаи булуки ғарбу будаст, зимни ин ки акнун интизор меравад Маскав дар вокунишҳои ба кунишҳои хасмонаи ғарб аз абзорҳои мухталифи худ истифода намояд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп