Таҳлил: Таъкиди Русия бар лузуми ғайринизомӣ шудани Украина
(last modified Thu, 03 Mar 2022 09:16:58 GMT )
Март 03, 2022 14:16 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Украина зарфияти доштани силоҳи атомиро дорад
    Лавров: Украина зарфияти доштани силоҳи атомиро дорад

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе бо таъкиди муҷаддад бар лузуми ғайри низомӣ шудан ва халъи силоҳи Украина, гуфт, дар марҳалаи баъдӣ мардуми ин кишвар худ бояд сарнавишташонро таъйин кунанд.

Лавров гуфт, ки ҳақоиқи зиёде вуҷуд дорад, ки собит мекунад, Украина бахше аз тарҳи Ғарб барои эҷоди як «камарбанди хасмона» дар атрофи Русия аст ва барои ду сол, Украина мамлув аз таслеҳот шудааст ва маҳмулаҳои низомӣ дар моҳҳои ахир ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст.

Вай идома дод: «Ҳамзамон, Амрико ва Британия дар ҳоли сохти пойгоҳҳои низомӣ дар ин кишвар, аз ҷумла дар баҳри Азов буданд. Пентагон ҳам аз сохти озмоишгоҳҳои биоложии низомӣ дар Украина ҳимоят кард».

Вазири хориҷаи Русия бо баёни инки Маскав изҳороти Влодимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина дар бораи табдили Украина ба як қудрати атомиро ҷиддӣ гирифта, таъкид кард, ки ин кишвар зарфияти доштани силоҳи атомиро дорад. Вай таъкид кард, феҳрасте аз силоҳҳоеро, ки Украина ҳаргиз набояд дошта бошад ва ҳеч вақт дар ин кишвар набояд тавлид шавад, мехоҳем.

Мавзеъгирии Лавров дар бораи лузуми ғайри низомӣ шудан ва халъи силоҳи Украина бо тавваҷӯҳ ба руйдодҳо ва равандҳое, ки дар чанд соли ахир дар ин кишвари бузурги Аврупои Шарқӣ рух дода қобили тавсиф аст.

Давлати ғарбгарои Украина пас аз таҳаввулоти соли 2014 ва барканории Виктор Янукович, раисиҷумҳури русгарои ин кишвар, талоши мустамарре барои наздикӣ бо Аврупо ва Амрико ва узвият дар ниҳодҳои ғарбӣ бавижа НАТО ва Иттиҳоди Аврупоро дар пеш гирифтааст. Дар айни ҳол ғарбиҳо ба саркардагии Амрико бо ҳадафи маҳору муҳосираи Русия кумакҳои низомӣ ва таслиҳотии худро ба сӯи Украина равона карда ва НАТО низ ба сурате фазоянда бо баргузории размоишҳои муштарак ва омузиши низомиёни украинӣ дар Украина ҳузур пайдо кард. Дар айни ҳол, Вашингтон аз Украин ба манзалаи саккуе барои таҳдиди Русия истифода карда ва ҳатто бомбафканҳои “B52”-и Амрико бар фарози дарёи Сиёҳ ва навоҳии муҷовири Русия парвоз карда ва дар маворидӣ ҳатто вориди қаламрави ҳавоии Русия шуданд. Ин иқдомоти таҳрикомез бо ҳадафи намоиши руйкарди таҳоҷумии Ғарб алайҳи Маскав сурат гирифтаанд.

Русия ба манзури ҷилавгирӣ аз ташдиди танишҳо дар авосити декабри 2021 пешниҳодоте амниятӣ ба НАТО ва Амрико ироа кард, ки мутазаммини хостаҳои он мабнӣ бар инсироф аз узвияти Украина дар НАТО, адами истиқрори нерӯҳо ва таъсисоти ин созмони низомӣ дар муҷовирати марзҳои Русия ва низ бозгашти вазъияти истиқрори нерӯҳо ба вазъияти соли 1997 буд. Бо ин ҳол, ҳамаи ин хостаҳо бо мухолифати Амрико ва НАТО мувоҷеҳ шуд. Амрикоиҳо дар иваз пешниҳодоте дар заминаи музокира дар бораи масоили амниятӣ, аз ҷумлаи паймонҳои таслеҳотӣ доданд. Дар вокуниш ба ин мавзеи ғарбиҳо, вазорати хориҷаи Русия дар номае расмӣ дар 17 феврал эълом кард, ки Амрико ба ҳамаи пешниҳодҳои калидии Русия, аз ҷумла мухолифат бо густариши НАТО, эҷоди пойгоҳ дар қаламрави ҷумҳуриҳои Шуравӣ ва хуруҷ аз «Формула Бухарест» посухи созанда надодааст. Манзур аз ин формул тавофуқи сарони НАТО дар нишасти Бухарест  дар соли 2008 дар бораи узвияти Украин ва Гурҷистон дар НАТО аст. Ҳамчунин Амрико қасдан пешниҳодоти амниятиро матраҳ карда, ки дар ростои эҷоди мазият барои Иёлоти муттаҳида ва муттаҳидонаш аст. Вашингтон хутути қирмизи Русия ва ҳамчунин ҳаққи Маскав барои муҳофизат аз онҳоро нодидаи гирифта ва ба ҳамроҳи НАТО фаъолиятҳои низомии худро дар наздикии марзҳои Русия афзоиш додаанд  Албатта акнун бо изҳороти Лавров абъоди ҷадиде аз нигарониҳои Маскав монанди фаъолиятҳои озмоишгоҳҳои биологии Амрико дар Укарина ва низ имкони дастёбии Украина ба силоҳи ҳастаӣ бо тавваҷуҳ ба изҳороти Зеленский ошкор шудааст.

Баназар мерасад, амалиёти низомии кунунии Русия дар Украин дар воқеъ вокунише ба мавозеъ ва иқдомоти хасмонаи Амрико ва НАТО ва низ пофишории давлати Украина дар адами ироаи посухи мантиқӣ ба нигарониҳо ва дағдағаҳои амниятии Русия аст.

Ҳанифи Ғаффорӣ, коршиноси масоили байналмилал мегӯяд: Бидуни шак бозандаи аслии ҷанги Украина танҳо Зеленский, раиси ҷумҳури Украин ва ғарбгароёни ин кишвар нестанд. НАТО, чӣ дар ҳавзаи низомӣ - амниятӣ ва чӣ дар роҳбурдӣ, бозандаи ин набарди тамомайёр бо Русия аст. Набарде, ки бисёре аз стратегҳои ғарбӣ нисбат ба вуқуъи он ба сарони мағрури НАТО ҳушдор дода буданд.

Бештар бихонед: