Расмӣ шудани маросими Наврӯз дар шаҳри Вашингтон
Наврӯз дар шаҳри Вашингтон ба расмият шинохта шуд .
Шӯрои шаҳри Вашингтон рӯзи аввали соли ҳиҷрии шамсиро ба унвони як рӯйдоди торихӣ ( Наврӯз ) ба расмият шинохт .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд Шӯрои шаҳри Вашингтон қатъномаи пешниҳодӣ барои ба расмият шинохтани Наврӯз, рӯзи аввали соли ҳиҷрии шамсиро ба унвони як рӯйдоди торихӣ тасвиб кардааст.
Дар ин қатънома, ки бо иттифоқи оро тасвиб шуда аз Наврӯз ё рӯзи аввали соли ҳ - ш ، ба унвони намоде аз шурӯи дубора ёд шудааст .
Дар ин қатънома Наврӯз ба унвони ҷашни бостонии сеҳазорсола қайд шудааст ; ҷашне, ки 300 миллион инсон дар Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва бархе аз кишварҳои дигар ҳамасола аз он таҷлил мекунанд.