ДИИШ масъулияти ҳамла ба масҷиди шиаёни Покистонро бар ӯҳда гирифт
(last modified Sat, 05 Mar 2022 08:20:59 GMT )
Март 05, 2022 13:20 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъулияти ҳамла ба масҷиди шиаёни Покистонро бар ӯҳда гирифт

Гурӯҳи террористии ДИИШ ҷумъашаби масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ ба яке аз масоҷиди шиаёни Пешовар дар Покистонро бар ӯҳда гирифт.

Рӯзи ҷумъа бар асари инфиҷори бомб дар масҷиди шиаёни шаҳри Пешовар маркази иёлатиХайбар Пахтунхо воқеъ дар шимоли ғарби Покистон, беш аз 56 намозгузор кушта ва ҳудӯди 190 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ҳоли бархе аз захмиҳо вахим гузориш шудааст ва эҳтимоли афзоиши куштаҳо вуҷӯд дорад.

Гурӯҳҳои террористӣ ва такфирӣ ба таври мустамар шиаёни Покистон ва амокини мазҳабии онҳоро мавриди ҳамла қарор медиҳанд, бо ин ҳол ин ҳамалоти маргбор ҳамчунон бо сукути маҷомеи байналмилалӣ ҳамроҳ аст.

Хайбар Пахтунхо аз иёлатҳои ноамни Покистон аст, ки дар ин иёлат гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Толибон, Ҷамоати Ал Аҳрор ва Сипоҳи саҳоба ҳузур доранд.

Бештар бихонед: