Ноябр 21, 2016 18:24 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 50 азодори ҳусайнӣ бар асари ҳамлаи террористӣ дар Кобул

Ҳамлаи террористӣ ба азодорони ҳусайнӣ дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон ба шаҳодати дастикам 50 тан аз азодорон мунҷар шуд.

  Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, омили инфиҷори зуҳри имрӯз (душанбе) вориди масҷиди Боқир-ул улуми Кобул шуд ва худро дар байни азодарони ҳусайнӣ тарконд, ки бар асари ин ҳамлаи террористӣ дастикам панҷоҳ тан кушта ва ҳудуди ҳафтод нафари дигар маҷруҳ шуданд.

  Ҳоли бисёре аз маҷрӯҳон вахим гузориш шудааст.

  Ҳамчунин шуморе зану кудак низ дар байни шаҳидон ва маҷруҳони ин ҳамлаи террористӣ вуҷуд дорад ва гуфта мешавад, ба иллати шиддати захмҳои ворид шуда ба афроди ин ҳодиса, мумкин аст, шумори шаҳидон афзоиш ёбад.

  Гурӯҳи такфирӣ- террористми ДИИШ дар баёнияе ин ҳамлаи террористиро бар уҳда гирифтааст.

  Гуфта мешавад, неруҳои амниятӣ тамоми роҳҳое, ки ба сӯи ин масҷид меравандро бастаанд ва аз вуруди хабарнигорон ба дохили масҷид ҷилавгирӣ мешавад.

 Ҳамлаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаби Ошурои Ҳусайнӣ ба маросими азодории ҳазрати Ҳусайн(ъ) дар зиёратгоҳи Сахии Кобул низ ба шаҳодати даҳҳо нафар аз азодорон, аз ҷумла шуморе зану кӯдак мунҷар шуд.

  Аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ, ҳамчунин дар рӯзи Ошуро ба азодорони ҳусайнӣ дар шаҳри Мазори Шариф- маркази вилояти Балх, шимоли Афғонистон ҳамла карданд, ки дар ин ҳамлаи террористӣ дастикам 17 тан шаҳид ва 40 нафари дигар маҷруҳ шуданд.

 

Барчасп