Март 09, 2022 14:35 Asia/Dushanbe
  • Пентагон аз интиқоли тадорукоти низомӣ ба Украина хабар дод

Вазорати дифои Амрико (Пентагон) эълом кард, Амрико ба ирсоли тадорукоти низомӣ ба Украина идома медиҳад.

Сухангӯи Пентагон гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо вуҷуди нотавонӣ дар ирсоли маҳмула аз тариқи ҳавоӣ, ба ирсоли таҷҳизоти низомӣ ба Украина идома медиҳад.

Вай гуфт, дар охири ҳафта украиниҳо тадорукоти изофиро аз Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳо дарёфт карданд. Мо аз тариқи ҳаво ба Украина маҳмула намефиристем, зеро муборизаи мудовим барои контроли ҳарими ҳавоӣ вуҷуд дорад.

Сухангӯии Пентагон афзуд, Иёлоти Муттаҳида ба интиқоли бастаи кумаки низомии 350 миллиондолларӣ ба Украина идома медиҳад.

 

 

 

 

Барчасп