Захми шудани даҳҳо фаластинӣ дар юриши низомиёни саҳюнистӣ
(last modified Thu, 10 Mar 2022 08:16:56 GMT )
Март 10, 2022 13:16 Asia/Dushanbe
  • Даҳҳо фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ дар шимоли Каронаи Бохтари захмӣ шуданд
    Даҳҳо фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ дар шимоли Каронаи Бохтари захмӣ шуданд

Даҳҳо фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ дар шимоли Каронаи Бохтари захмӣ шуданд.

Ба гузриши Садои Хуросон , низомиён ва шаҳрак нишинони саҳюнистӣ ҳар рӯз ба баҳонаи мухталифе мардуми мазлуми Фаластинро ба шаҳодат расонда ва ё маҷрӯҳ ва боздошт мекунанд.

Ҳуқуқи мардуми мазлуми Фаластин беш аз ҳафтод сол аст аз сӯи режими ишғолгари саҳюнистӣ нодида гирфта мешавад. Ин режим дар муддати мазур ваҳшиёнатарин ҷиноятҳоро алайҳи фаластиниҳо муртакиб шудааст.

Даргирии миёни низомиёни саҳюнистӣ ва фаластиниён дар рустои Барқа воқеъ дар шимоли шаҳри Ноблис ба дунболи маросими ташеи пайкари ҷавони фаластинӣ, ки ба зарби гулулаи артиши режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расида буд, сурат гирифт.

Низомиёни саҳюнистӣ дар ҳамла ба фаластиниён аз гулулаҳои ҷангӣ, фелези ва гази ашковар истифода карданд ва ҷавононӣ  фаластини низ бо партоби санг ба сӯи ин нерӯҳо бо онҳо муқобила карданд.

Аҳмад Ҳикмати Сайф  (23 сола) аҳли рустои Барқа чанд рӯз пеш дар ҷараёни даргирии нерӯҳои режими саҳюнистӣ бо фаластиниҳо захмӣ шуда буд ва субҳи рӯзи чаҳоршанбе бар асари шиддати ҷароҳоти ворида ба шаҳодат расид.

Ин ҷавони фаластинӣ дар ҷараёни саркубии роҳпаёмоии ҳимоят аз асирони фаластинӣ дар минтақаи Барқа тавассути нерӯҳои ишғолгар бар асари исобати се гулула маҷрӯҳ ва дар шароити вахим дар бемористон бистари шуд, ки рӯзи чаҳоршанбе хабари шаҳодати вай эълом шуд.

Кумитаҳои муқовимати Фаластин бо гиромидошти ёд ва хотираи шаҳид Ҳикмат Сайф дар баёнияе таъкид кард: Хуни ин шаҳид ва ҳамаи шуҳадои фаластинӣ чароғи роҳ ва қутб намоӣ ҳамаи муборизон ва озодагоне хоҳад буд, ки  дар масири раҳоӣ аз чанголи душмани саҳюнистӣ гом бар медоранд.

 

Бештар бихонед: