Муаллими тамаддун; чӣ гуна имом Боқир шабакаи илм ва ҷомеаро бозсозӣ кард?
https://parstoday.ir/tg/news/religion-i123514-Муаллими_тамаддун_чӣ_гуна_имом_Боқир_шабакаи_илм_ва_ҷомеаро_бозсозӣ_кард
Имом Боқир (а) бо тарбияи нухбагони илмӣ, арзишҳои исломиро зинда нигоҳ дошт ва аз таҳрифи омӯзишҳои исломӣ аз ҷониби Умавиён ҷилавгирӣ кард.
(last modified 2025-12-22T07:34:33+00:00 )
Декабр 22, 2025 12:34 Asia/Dushanbe
  • Муаллими тамаддун; чӣ гуна имом Боқир шабакаи илм ва ҷомеаро бозсозӣ кард?
    Муаллими тамаддун; чӣ гуна имом Боқир шабакаи илм ва ҷомеаро бозсозӣ кард?

Имом Боқир (а) бо тарбияи нухбагони илмӣ, арзишҳои исломиро зинда нигоҳ дошт ва аз таҳрифи омӯзишҳои исломӣ аз ҷониби Умавиён ҷилавгирӣ кард.

Порс-Тудей. Ҳаракати илмӣ ва иҷтимоии имом Боқир алайҳиссаломро метавон нуқтаи атфе донист, ки дар миёнаи талотумҳои сиёсӣ ва тахриби арзишҳо ба бозсозии фикрӣ ва иҷтимоии уммати Ислом анҷомид.

Дар даврони Марвониён, ки арзишҳои исломӣ рӯ ба завол рафта буданд ва инҳитоти фарҳангӣ гиребони ҷомеаи исломиро гирифта буд, дар давроне, ки омӯзишҳо ва ҳанҷорҳои динӣ дар маърази таҳриф ва фаромӯшӣ қарор дошт, имом Боқир (а) бо дарки амиқи хатарҳои замона, ҳаракати навинеро оғоз кард. Ӯ ба ҷои вокунишҳои эҳсосӣ ё қиёмҳои мусаллаҳона, роҳи омӯзиши мунтазам ва тарбияи насли нухбагони мутааҳидро баргузид то аз тариқи дониш ва ахлоқ, бунёдҳои фикрӣ ва иҷтимоии ҷомеаи исломиро бозсозӣ кунад. Бо тарбияи шогирдони мутааҳид ва шакл додан ба шабакае аз уламои дин, нақши иҷтимоӣ ва тамаддунии муҳиме дар рушди ҷомеаи исломӣ ифо кард. Дар мактаби ӯ, илм бо ахлоқ ва масъулияти иҷтимоӣ пайванд хӯрд ва ин мерос дар наслҳои баъдӣ идома ёфт.

Эшон омӯзишро фаротар аз интиқоли маълумот дид ва онро абзоре барои тарбияи инсонҳои масъул ва ҳидоятгари ҷомеа қарор дод. Эшон шогирдонро бар асоси истеъдод ба ҳавзаҳои тахассусӣ ҳидоят мекард, то ҳар як ба унвони марҷаъ дар фиқҳ, ҳадис, тафсир ё калом амал кунанд. Ин рӯйкард боис шуд илм ба сурати шабакавӣ дар ҷомеа мунташир шавад ва ниҳодҳои фикрӣ шакл бигиранд. Тарбияи ҳадафманд, тахассусисозӣ ва таъкид бар ахлоқи амалӣ аз хосиятҳои мактаби ӯ буд.

Бар асоси гузоришҳои таърихӣ на танҳо бо шогирдонаш, балки бо мухолифонаш низ ба гуфтугӯ менишаст ва онҳоро аз сарчашмаи дониши худ сероб мекард. Дар ҳамин робита нақл шудааст, ки Абӯҳанифа, фақеҳи бузурги аҳли суннат дар Мадина бо имоми Муҳаммади Боқир (а) дидор ва мубоҳисаи илмӣ доштааст. Ин гуфтугӯ манзалати илмии имом дар ҷомеаро нишон медиҳад ва баёнгари ин аст, ки чӣ гуна мактаби ӯ ба гуфтугӯи илмӣ миёни андешмандони мухталиф доман зад. Чунин муҷоҳидатҳо на танҳо ба табодули илмӣ анҷомид, балки ба тасбити ҷойгоҳи аҳли байт ба унвони марҷаи фикрӣ дар ҷомеа кӯмак кард.

Албатта ҳаракати илмии он имом танҳо ба тарвиҷи дониш хулоса намешуд. Эшон илмро бо ахлоқ ва масъулияти иҷтимоӣ пайванд зад, шогирдони ӯ на танҳо ровиёни ҳадис, балки омилони тағйири иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шуданд. Ин насл аз уламои дин, бо табйини маориф ва посух ба пурсишҳои замон, ба оромсозии фазои фикрӣ ва ҷилавгирӣ аз таҳрифи Ислом кӯмак карданд ва заминасози наҳзати илмии густардатаре дар давраҳои баъд шуданд.

Имом Муҳаммади Боқир (а) бо усули омӯзиши мунтазам, тахассусӣ ва ахлоқибахш, бунёдҳои марҷаияти илмии аҳли байтро тасбит кард ва аз тариқи тарбияи шогирдоне монанди Зирора ва Ҷаъфар ибни Муҳаммад, таъсири иҷтимоии амиқе бар рушди фикрӣ ва фарҳангии ҷомеаи исломӣ гузошт. Меросе, ки монанди дарахти пурбор ва тануманд ба самар нишаст ва дар садаҳои баъдӣ ба шаклгирии мактабҳои фиқҳӣ ва каломии бузург анҷомид.