Март 12, 2022 12:54 Asia/Dushanbe
  • Зеленский : Украина дар ҳоли омодасозии қисми байналмиллалӣ аз нерӯҳои хориҷии довталаб аст
    Зеленский : Украина дар ҳоли омодасозии қисми байналмиллалӣ аз нерӯҳои хориҷии довталаб аст

Бо тадовуми ҷанги Украина, ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ин ҷанг абъоди ҷадиде пайдо кардааст.

Дар ин росто Владимир Путин раисиҷумҳурии русия бо осонсозии ҳузури нерӯҳои довталаби ҳомии Русия дар таҳоҷум ба Украина, мувофиқат кард. Вай дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Русия гуфт, ки агар фарде ба сурати довталабона ва на  бахотири пул қасди кумак ва мардуми Домбасро дошт бояд бо онҳо ҳамкорӣ ва эъзомашон ба манотиқи ҷангиро тасҳил кард.

Сергей  Шойгу вазири дифоъи Русия дар ин ҷаласа эълом кард, ки иддае касире аз 16 ҳазор довталаби кумак ба ҷумҳуриҳои худхондаи шарқӣ Украина аз аҳолии ғарбӣ Осиё ҳастанд.

Аз ҷумла марокизи артишии Русия мустақар дар шаҳрҳои мухталифи Сурия дар ҳол сабти номи довталабони ҷанг дар Украина ҳастанд.

Ба назар мерасад иқдоми ҷадиди Маскав дар заминаи тасҳили ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ҷанги Украина, ки қарор аст ба нафъи Русия биҷанганд вокуниши мустақим ба иқдоми давлати ғарбгароӣ Украина дар заминаи ташвиқи довталабони хориҷӣ барои ҳузур дар " легиони байналмиллалии дифоъ аз Украина"  "Международный легион территориальной обороны Украина" аст.

Владимир Зеленский раисиҷумҳурии Украина дар 27 феврал бо интишори баёнияе дар веб-сайти раёсат ҷумҳурии он кишвар, эълом кард кишвараш дар ҳоли эҷоди як қисми ҳарбии байналмиллалӣ аз нерӯҳои хориҷии довталаб барои кумак дар ҷанг алайҳи Русия аст.

Дар марҳилаи баъд раисиҷумҳурии Украина бо имзои фармоне ба иҷроӣ шудани фаврии як  "низомӣ мувақати лағви раводид" барои хориҷиҳое, ки хостори кумак ба дифоъи ин кишвар бошанд муҷавиз дод. Тибқи муқарароти марбут ба хидмати сарбозӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки дар соли 2016 тасвиб шудааст, атбои хориҷӣ ҳаққ доранд ба сурати довталабона барои хидмати низомӣ ба нерӯҳои дифоъ аз сарзамни Украина дар артиш бипайванданд.

Киев иддао мекунад, ки 16 ҳазор  нафар дар ин легиони байналмиллали ҳузӯр пайдо кардаанд ва ё дар ояндаи наздик ҳузӯр хоҳанд ёфт. Чанд рӯз қабл аввалин нерӯҳои байналмиллали ,ки довталаб ҷанг дар Украина ҳастанд, вориди ин кишвар шуданд. Гуфта мешавад ин нерӯҳо умдатан тобеияти Амрико, Мекзика, Ҳинд, Шетсария ва Британияро доранд. қабл аз он низ шуморе аз атбои Гурҷистон барои ҷанг алайҳи Русия вориди Украина шуданд, ки байни онҳо ҳатто вазир дифоъи собиқи Гурҷистон низ ҳузур дорад. Расонаҳои ғарбӣ бо эҷоди ҷави равонӣ дар ин фароянд яъне ташвиқи атбои дигар кишварҳо барои пайвастан ба легиони байналмиллалии дифоъ аз Укрина нақши муҳиме ифо кардаанд. Зимни инки ин нерӯҳо ҳуқуқи болои низ дарёфт мекунанд.

Ғарбҳо ва шуракои онҳо низ дар ин замина нақш офарини мекунанд.

Дар ин росто Созмони иттилооти хориҷии Русия дар 4 март дар баёнияе эълом кард, ки Амрико террористҳои ДОИШ-ро дар пойгоҳи "AL-Tanf" Сурия барои эъзом ба Украина омӯзиш медиҳанд. Ин баёния меафзояд: Созмони иттилооти марказии Амрико ва фармондеҳи амалиёти вижаи нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ба ташкили воҳидҳои ҷадиди ДОИШ дар ғарбӣ Осиё ва кишварҳои африқоӣ идома  медиҳанд ва қарор аст бо ҳамкории сервисҳои иттилоотии кишварҳои НАТО ба Украина мунтақил шаванд. Ширкат дар фаъолиятҳои харобкорона ва террористӣ дар Украина аз тариқи хоки Лаҳистон барномаи Амрико барои террористҳои ДОИШ аст.

Амрико дар ин замина танҳо нест ва Туркия  узви дигари НАТО низ қаблан  таҷрӯбаҳои мушобеҳе дар бораи эъзоми террористҳои такбирӣ ба Либи ва Қарабоғ  дошта акнун дар ҳоли эъзоми террористҳо ба Украина аст. Туркия ҳудуди 1000 нафар террористҳоеро аз Сурия ба Қарабоғ  фиристода буд то амалиёти ҷанг алайҳи Арманистон  дар соли 2020 ширкат кунанд ва пас аз поёни ҷанг дар онҷо боқи монда буданд, барои ширкат дар ҷанги Украина ба нафъи давлати Киев аз Қарабоғ ба Украина фирстода аст.

Саъид Форс Алсаъид таҳлигари сурии масоили роҳбурдӣ мегуяд: 2500 нафар террорист, ҳозир дар устони Адлаби Сурия омодаанд то дар ҷанг муқобили Русия мушорикат кунанд. Дастгоҳи иттилооти Туркия бар раванди интиқоли ин террористҳо ба Лаҳистон ва сипас Украина назорат хоҳанд кард ва бештари ин террористҳо дорои тобеияти сурӣ , арабӣ, чинӣ ҳастанд.

Дар ин росто ҳудуи 450 нафар аз террористҳои хориҷӣ вобаста ба ташкилоти мавсум ба  " Алтуркистонӣ, Ҳаросаддин, ва Ансораттавҳид" аз тариқи марзҳои Туркия роҳии Укрина шуданд.

Акнун Путин дар вокуниш ба иқдомоти мутақобили ғарб ва муттаҳидонаш ба эъзоми нерӯҳои довталаб ва террористҳои такфирӣ барои ширкат дар ҷанги Украина, иқдомоти мутақобилеро бо дастури таҳсили ҳузури 16 ҳазор нафар довталаби хориҷӣ содир кардааст. Бадин тартиб ҷанги Украина ба тадриҷ аз ҳолати ҷанги байни ду кишвар хориҷ шуда ва ҷанбаи байналмиллалӣ пайдо кардааст.

Бештар бихонед"

Барчасп