Март 13, 2022 13:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳазинаи 2 миллион долларии ҳифозати моҳона аз омилони террори сардор Сулаймонӣ

Бар асоси эъломи Вазорати хориҷаи Амрико моҳона 2 миллион доллар аз ҷайби молиётдиҳандагони амрикоӣ барои муҳофизат аз 2 сиёсатмадори тундрави ҷумҳурихоҳи давлати Доналд Трамп ва аз омилони террори сардори Қосими Сулаймонӣ ҳазина мешавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ассошиатед Пресс дар гузорише навишт Вазорати хориҷаи Амрико эълом кардааст, ки барои муҳофизати 24 соъата аз Майк Помпео-вазири хориҷаи собиқ ва Брайан Ҳук-намояндаи давлати Доналди Трамп дар умури Эрон моҳона 2 миллион доллар ҳазина мекунад .
Ин вазоратхона дар гузорише ба Конгресс гуфт, ки ҳазинаи ҳифозат аз Помпео ва Брайан Ҳук аз моҳи августи 2012 то феврали 2022 болиғ бар 13.1 миллион доллар будааст . Помпео ва Ҳук корзори фишори ҳаддиаксарии давлати Трамп алайҳи Эронро раҳбарӣ ва ҳидоят мекарданд ва гузориши Вазорати хориҷаи Амрико мегуяд, ки тибқи арзёбии иттилоотӣ  таҳдидҳо алайҳи ин ду фард пас аз поёни фаъолият дар давлати Трамп идома дорад .
Пеш аз ин шабакаи хабарии Си Би Си ниюси Амрико гузориш дод давлати Ҷо Байден барои Майк Помпео ва Брайан Ҳук ақомоти собиқи давлати Доналд Трамп ва аз омилони террори сардор Сулаймонӣ тадобири 24 соъатаи амниятӣ андешидааст .
Рӯзномаи англисии Гордиян пештар навишта буд : Майк Помпео-вазири умӯри хориҷаи Амрико аз моҳҳо пеш аз террори сардори Қосими Сулаймонӣ, Доналд Трампаиси ҷумҳурии Амрикоро ба ин иқдом ташвиқ ва тарғиб мекард .
Помпео террори сардор Қосими Сулаймониро бо баҳонаи ин ки вай таҳдиди фаврӣ барои манофеи Иёлоти Муттаҳида буда,асоснок карл.

 

Барчасп