Ноябр 22, 2016 13:52 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Чин аз узвияти Туркия дар Созмони ҳамкории Шанхай

Чин эълом кард, аз узвияти Анкара дар блоки амниятии Созмони ҳамкории Шанхай истиқбол мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз хабаргузории “Рейтерз”, Гунг Шувонг, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дар як конфронси хабарӣ эълом кард, Туркия аз қабл шарики гуфтумони Созмони ҳамкории Шанхай ба шумор мерафт ва аз муддатҳо қабл низ бо ин созмон ҳамкории наздик доштааст.

 Гунг Шувонг таъкид кард, Чин омодааст то бо ҳамкории дигар аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва бар асоси қавонин ва асноди ҳуқуқии он, ба сурати ҷиддӣ мавзӯи узвияти Туркияро дар ин созмон бар мабнои машварати ҷамъӣ баррасӣ кунад.

Ин изҳороти сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин дар шароите аст, ки раиси ҷумҳурии Туркия рӯзи якшанбе эълом карда буд, кишвараш ниёзе надорад то ба ҳар қимати мумкин ба Иттиҳоди Аврупо бипайвандад ва дар иваз метавонад бахше аз Созмони ҳамкории Шанхай бошад.

 Чин, Русия ва чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, шомили Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон, Созмони ҳамкории Шанхайро дар соли 2001 ба унвони як блоки амниятии минтақаӣ барои мубориза бо таҳдидоти ношӣ аз ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ташкил додаанд.

Кишварҳои Муғулистон, Эрон, Ҳинд, Покистон ва Афғонистон низ узви нозири ин созмон ба шумор мераванд ва Беларус низ монанди Туркия шарики гуфтумони он маҳсуб мешавад.