Март 26, 2022 16:55 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши бесобиқаи қимати бензин дар Амрико

Қимати бензин дар Амрико бо афзоиши бесобиқае ҳамроҳ буд, ба тавре ки дар Лос Анҷелес қимати ҳар зарфи бензин ба 6 доллар расид.

Қимати сӯхт дар Амрико пас аз ҷорӣ кардани таҳримҳои ин кишвар ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия афзоиш ёфтааст.

Раванди рӯ ба афзоиши қимати нафт бо таҳрими мустақими нафтии Русия аз сӯи Амрико шиддати бештаре ба худ гирифтааст.

Ин болотарин мизони қимати сӯхт дар даҳаҳои гузашта дар Иёлати Калифорния аст.

Фармондори ин иёлат тарҳеро барои кумаки 400 долларӣ ба афрод ироа кардааст. Ин тарҳ афроди дорои як ё ду мошинро шомил мешавад ва қарор аст ки аз моҳи июл амалӣ шавад.

Афзоиши баҳои сӯхт сабаб шудааст, ки афрод дигар аз мошинҳои худ истифода накунанд ва ё ин ки мизони каме сӯхт харидорӣ кунанд.