Март 26, 2022 18:56 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 10 баробарии тақозои Русия барои мошинҳои тавлиди Қазоқистон

Бархе расонаҳои Қазоқистон эълом карданд, тақозо барои мошинҳои тавлиди ин кишвар дар миёни шаҳрвандони Русия ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши “Форс”, расонаҳои Қазоқистон бо истинод ба коршиносони маҳаллӣ, алоқаи русҳо ба мошинҳои қазоқро бо таъхири таҳвили мошинҳои омода аз Аврупо ва фаъолияти корхонаҳои мошинсозони ҷаҳон дар қаламрави Русия муртабит медонанд.

Бинобар суханони Евгений Бобер, масъули маркази фурӯши мошин, теъдоди дархостҳо қабл аз тағйири шароити сиёсӣ мутавассит ва бештар ба мошинҳои лукс марбут буд, аммо акнун мавориди онлайну офлайн барои дархости хариди мошинҳои тавлиди дохилӣ 10 баробар афзоиш ёфтааст.

Вай афзуд, ҳатто бархе авқот дархостҳое барои хариди куллии мошинҳои тавлидии кишвар дарёфт мекунем.

Бинобари ин гузоришот, бо тавваҷуҳ ба афзоиши қимати бархе таҷҳизот дар қаламрави Русия, шаҳрвандони ин кишварро ҳамчунин ҳазинаи мошин дар бозори дохилии Қазоқистон ба худ ҷалб мекунад.