Байден: Путин наметавонад дар қудрат бимонад
Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико дар Варшава, пойтахти Лаҳистон хостори тағйири ҳукумат дар Русия шуд ва гуфт, Владимир Путин наметавонад дар қудрат боқӣ бимонад.
Танишҳо миёни Амрико ва Русия пас аз ҳамлаи Маскав ба Украина ба шиддат афзоиш ёфта аст.
Русия аз 24 феврал амалиётро дар украина дар ростои ҳимоят аз ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск оғоз кардааст.
Русия эълом карда аст, ҳамлаи ин кишвар ба Украина ба манзалаи шуруъи ҷанг нест, балки иқдом барои пешгирӣ аз як ҷанг дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.
Дар ҳамин робита Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ахиран ҳадафи Маскав аз амалиёт дар Украинаро раҳо кардани минтақаҳои русзабони ин кишвар аз наслкушӣ унвон кард.
Маскав пеш аз ин борҳо ба кишварҳои ғарбӣ бавижа Амрико дар бораи сатҳи мусаллаҳ кардани Украина ва низ бетаваҷҷуҳӣ ба нақзи ҳуқуқи башар ва ҳамалоти нерӯҳои украинӣ ба сокинони рустабор дар шарқи Украина ҳушдор дода буд.
Кишварҳои ғарбӣ бавижа Амрико дар солҳои ахир миллиардҳо доллар силоҳ дар ихтиёри Украина қарор доданд.
Ба гузориши ИРНА, Ҷо Байден бо баёни ин ки ҷаҳон бояд барои як ҷангали дарозмуддат омода шавад, дар изҳороте дар бораи Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия гуфт: Вай наметавонад дар қудрат боқӣ бимонад.
Пас аз ин изҳороти Байден як мақоми Кохи Сафед бо ақибнишинӣ аз ин суханон эълом кард, изҳороти раисиҷумҳури Амрико дар Варшава ба маънои дархост барои тағйири ҳукумат дар Русия нест.
Бештар бихонед: