Таҳлил: Идомаи таҷовузи Туркия ба Сурия ва Ироқ
Сиёсати хориҷаи давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар заминаи робитаи Туркия бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бисёр таамулбарангез ба назар мерасад ва мушахас нест мақомҳои Анкара чӣ ҳадафҳоеро дунбол мекунанд.
Номушахас будани сиёсати хориҷии раиси ҷумҳурии Туркия, ба вижа дар заминаи ҳамла ба сарзаминҳои ду кишвари ҳамсоя сабаб шудааст ин тасаввур дар маҳфилҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳон тақвият шавад, ки мақомоти Анкара сирфан таҳрҳои қудратҳои ҷаҳониро дар Сурия ва Ироқ иҷро мекунанд.
Дар ҳамин робита бояд гуфт, ҳамалоти артиши Туркия ба шимоли Сурия ва Ироқ дар шароите ташдид шудааст, ки мақомоти Анкара, ба вижа шахси Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ҳадафи ройзанӣ бо сарони Русия ва Украина талош мекунад дар ҳақиқат раиси ҷумҳурии Туркия, ки ба манзури дастёбӣ ба сулҳ миёни Русия ва Украина талош мекунад, ҳамзамон фармони ташдиди таҷовуз ба сарзаминҳои ду кишвари ҳамсояро ташдид кардааст.
Раиси ҷумҳурии Туркия гуфтааст: Ба тамосҳо бо раисони ҷумҳурии Русия ва Украина барои таваққуфи ҷанг идома медиҳам.
Туркия аз замони оғози амалиёти артиши Русия дар хоки Украина талош кардааст дар ин буҳрон дар нақши як миёнҷӣ зоҳир шавад. Ин дар ҳоле аст, ки ин талошҳо то кунун бенатиҷа будааст. Ба назар мерасад мақомоти Анкара ба ифои чунин нақше дар буҳрони Русия ва Украина ниёзи шадид доранд, ба хусус, ки рафтори раҳбарони Амрико ва Англия бо давлати Эрдуғон чандон хушоянди мақомоти Туркия нест.
Артиши Туркия дар идомаи таҷовузи худ ба шимоли Сурия ва Ироқ, ду тан аз неруҳои Ҳизби Коргарони Курдистонро ҳадаф қарор дод. Давлати Эрдуғон Ҳизби Коргарони Курдистон (ПКК)- ро дар феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ қарор дода ва ба баҳонаи мубориза бо аъзои ин ҳизб шимоли ин ду кишварро ба арсаи тохтутоз миёни худ табдил кардааст.
Туркия будуни таваҷҷуҳ ба эътирозоти давлатҳо ва мардуми Сурия ва Ироқ ба мудохилаи низомӣ ва ғайриқонунии худ дар ин ду кишвар идома медиҳад.
Дар ҳақиқат бояд гуфт, нерӯҳои артиши Туркия ба баҳонаи мубориза бо террористҳо бештар аз ду сол аст, ки ба сурати ғайриқонунӣ зимни ишғоли сарзаминҳои Сурия ва Ироқ, ба шимоли сарзаминҳои ин ду ҳамсояи худ ҳамла мекунанд. Дар ду соли гузашта ба далели ин ҳамалот садҳо тан аз ғайринизомиёни сурӣ ва ироқӣ ҷони худро аз даст доданд.
Давлатҳои Димишқ ва Бағдод борҳо ҳамалоти низомиёни Туркияро маҳкум карда ва онро нақзи ҳокимият ва тамомияти сарзаминии Сурия ва Ироқ донистаанд. Мардуми Сурия ва Ироқ низ иқдоми низомиёни туркро маҳкум карда ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, монеи таҳаррукоти ғайриқонунии Туркия дар сарзаминҳои кишварашон шаванд.
Бо вуҷуди ин маҳкумиятҳо ва вокунишҳои манфӣ, Шурои амнияти Туркия дар нишасти ахири худ ба раёсати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии ин кишвар, дар мавзеъгирии мубҳам ва мутаноқиз хостори вуҷуди амният ва оромиши мардуми Ироқ ва Сурия шуд, аммо таъкид кард: Муборизаи давлати Туркия бо созмонҳое, ки аз онҳо ба унвони созмонҳои террористӣ ёд мекунад, бо қатъият идома хоҳад дод.
Ҳамалоти низомии Туркия ба Сурия ва Ироқ дар чанд соли гузашта сабаби сарфи ҳазинаҳои зиёде аз ҳисоби мардуми ин кишвар шудааст. Ба ҳамин далел аст, ки мардуми Туркия, ки аз соли 2005 мелодӣ иқтисоди шукуфоеро таҷриба мекарданд, акнун дар тангнои шадиди иқтисодӣ ва маишатӣ ба сар мебаранд.
Коршиносон аз ин шароити номатлуб ба унвони буҳрони иқтисодӣ ёд мекунанд. Тардиде нест то замоне, ки артиши Туркия ба ишғоли Сурия ва Ироқ идома диҳад, баъид аст, ки буҳрони иқтисодиву молии ин кишвар бартараф шавад. Табиист, ки бо идомаи шароити ҳозир на танҳо натиҷаи мусбате барои давлатмардони Туркия нахоҳад дошт, балки ба зиёни иқтисоди ин кишвар ва фишори ҳарчӣ бештар ба мардуми Туркия хоҳад буд.
Бештар бихонед: