Талоши Девони кайфарии байналмилалӣ барои муҳокимаи террористҳои ДИИШ
Додситони Девони кайфарии байналмилалӣ талош дорад, террористҳои узви гурӯҳи ДИИШ-ро муҳокима кунад.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Фату Бенсуда, додситони Девони кайфарии байналмилалӣ талош мекунад, роҳе пайдо кунад, то битавонад атбои кишварҳои хориҷиро, ки дар канори ДИИШ дар Сурия ва Ироқ муртакиби ҷиноят мешаванд, дар ин ниҳоди қазоии байналмилалӣ муҳокима кунад.
Фату Бенсуда таъкид кард, Девони кайфарии байналмилалӣ қатъан барои расидагӣ ба парвандаи атбои кишварҳои узв дар гурӯҳи террористии ДИИШ салоҳият дорад.
Вай афзуд: Сурия ва Ироқ асосномаи Ромро имзо накардаанд, аммо Девони кайфарии байналмилалӣ салоҳияти онро дорад, дар бораи ҷиноёте, ки тавассути шаҳрвандони узви маншури Ром дар нуқоти мухталифи ҷаҳон иттифоқ меафтад, таҳқиқ кунад.
Ба гуфтаи масъулони сурӣ, террористҳо аз беш аз 80 кишвари ҷаҳон дар Сурия ҳузур доранд ва ҳамчунон бидуни музоҳимат масирҳои тӯлониро барои пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ дар Сурия ва Ироқ тай мекунанд.