Март 30, 2022 12:32 Asia/Dushanbe
  • Русия: Коҳиши амалиёти низомӣ дар Украина ба маънии оташбас нест
    Русия: Коҳиши амалиёти низомӣ дар Украина ба маънии оташбас нест

Музокиракунандаи баландпояи Русия дар гуфтугу бо Украина эълом кард, тазмини Маскав барои коҳиши амалиёти низомӣ дар атрофи Киев пойтахти Украина ва шаҳри Чернигов ба маънии оташбас нест.

Русия дар пайи музокироти рӯзи сешанбе миёни ҳайати намояндагии ин кишвар ва Украина дар Истанбул эълом кард, ки қасд дорад фаъолияти низомии худро дар шимоли Украина ба мизони қобили мулоҳиза коҳиш диҳад, аммо Пентагон бо радди ин аиддо гуфт, ки нишонае аз ақибнишинӣ надида аст.

Дар ҳамин ҳол Владимир Зеленский, раиси Ҷумҳурии Украина сешанбе эълом кард, паёмҳои мусбате аз музокирот дарёфт мекунем, аммо ин паёмҳо инфиҷорҳо ва гулулаборони Русияро коҳиш надода аст.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Мединский, музокиракуннади баландпояи Русия дар гуфтугу бо Украина сешанбе шаб дар мусоҳиба бо хабаргузории Тасс гуфт: Ин як оташбас нест балки хостаи мо аст то ба тадриҷ дар ин ҷабҳаҳо ба коҳиши танишҳо даст ёбем.

Аъзои ҳайати намояндагии Украина гуфтанд, ки дар охирин даври музокирот пешниҳод карданд, ки Киев дар баробари дарёфти тазминҳои амниятӣ аз Маскав мавзеъи бетарафӣ дар пеш гирад, ки ба маънии худдорӣ аз пайвастан ба паймонҳои низомӣ ё додани пойгоҳи низомӣ ба кишварҳои дигар аст.

Музокиракунандаи баландпояи Русия дар гуфтугу бо Украина ҳам эълом кард, Маскав пешниҳодҳоро дар ояндаи наздик баррасӣ ва натиҷаро дар ихтиёри Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия қарор хоҳад дод то посухи ниҳоии Маскав омода шавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп