Хурӯҷи неруҳои Русия аз сайти ҳастаии Чернобил
(last modified Thu, 31 Mar 2022 03:57:29 GMT )
Март 31, 2022 08:57 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳодисаи Чернобил садҳо нафари кушта ва олӯдагии радиоактив дар манотиқи муҷовир мунташир шуда буд
    Дар ҳодисаи Чернобил садҳо нафари кушта ва олӯдагии радиоактив дар манотиқи муҷовир мунташир шуда буд

Як мақоми аршади дифои Амрико эълом кард, ки нерӯҳои Русия пас аз ба даст гирифтани кантроли таъсисоти Чернобил дар 24 феврал шурӯ ба хурӯҷ аз ин сайти энержии ҳастаӣ кардаанд.

Ба гузориши ИРНА, ин мақоми аршади дифои Амрико ба хабаргузории Фаронса гуфт, онҳо (нерӯҳои Русия) шурӯ ба ҷобаҷоии бархе нерӯҳои худ кардаанд ва бо тарки таъсисоти Чернобил ба самти Беларус ҳаракат мекунанд.

Ширкати миллии энержии Украина пештар эълом кард, ки амалиёти таъмири нерӯгоҳи ҳастаии Чернобилро ба итмом расонда ва таъмини барқи ин нерӯгоҳро аз сар гирифтааст.

Нерӯҳои Русия 4 марти нерӯгоҳи Запорожиеро гулӯла борон карда ва ба тасарруфи худ дар овараданд. Ин масъала мӯҷиби вуқуъи оташсӯзӣ дар дохили нерӯгоҳ шуд, ки занги хатари як фоҷеаи ҳастаии эҳтимолӣ дар Аврупоро ба садо даровард.

Пеш аз ин низ дар рӯзе, ки Русия ба Украина ҳамла кард, нерӯҳояш нерӯгоҳ аз кори афтодаи Чернобилро, ки маҳали фоҷеаи соли 1986 буд, тасарруф карданд. Ҳодисаи рух дода дар ин нерӯгоҳи ҳастаӣ мӯҷиби кушта шудани садҳо нафар ва интишори олӯдагии радиоактив дар манотиқи муҷовир шуда буд.

Бештар бихонед: