Шароити душвори хабарнигорон ва расонаҳо дар Украина
(last modified Thu, 31 Mar 2022 11:42:02 GMT )
Март 31, 2022 16:42 Asia/Dushanbe
  • Хабарнигори Пресс ТВ: Ҷони хабарнигороне ки НАТО ва Украинаро интиқод мекунанд, дар Киев дар хатар аст
    Хабарнигори Пресс ТВ: Ҷони хабарнигороне ки НАТО ва Украинаро интиқод мекунанд, дар Киев дар хатар аст

Давлати Украина фаъолияти аҳзоби мухолиф ва бештари расонаҳоро ғайриқонунӣ эълом кардааст.

Русия аз 24 феврал ҳамла ба Украинаро дар ростои ҳимоят аз ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск оғоз кард.

Маскав пеш аз ин борҳо ба кишварҳои ғарбӣ дар бораи мусаллаҳ кардани Украина ва низ бетаваҷҷуҳӣ ба нақзи ҳуқуқи башар ва ҳамалоти нерӯҳои украинӣ ба сокинини рустабор дар шарқи Украина ҳушдор дода буд.

Ҷони Миллер, хабарнигори “Пресс ТВ” рӯзи чаҳоршанбе гузориш дод, расонаҳо дар Украина агар мунтақиди давлат ва НАТО бошанд, ҷонашон дар хатар аст.

Ин хабарнигори “Пресс ТВ”, ки аз Будапешти Маҷористон сухан мегуфт, таъкид кард, хабарнигорону расонаҳо дар Украина ҳатто агар бигӯянд, НАТО дар буҳрони ин кишвар нақш дошта ва ин кишвар даргири ҷанги ниёбатии Рӯсия ва НАТО шудааст, боз ҳам бо онон бархурд мешавад.

Бино бар бар изҳороти Миллер, ки ба тозагӣ аз Киев хориҷ шудааст, бархе чеҳраҳои чапгаро, аз ҷумла Ноам Чомский ба таври мустанад нишон доданд, ки НАТО чӣ гуна дар ҳоли пешравӣ ба самти Шарқ ва таслеҳи артиши Украина аст, ки ин кори НАТО ба навъе таҳрик барои ҷангафрӯзӣ будааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

 

Барчасп