Апрел 03, 2022 18:33 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои русӣ дар ҳоли минагузории шимоли Украина ҳастанд
    Нерӯҳои русӣ дар ҳоли минагузории шимоли Украина ҳастанд

Раиси Ҷумҳурии Украина муддаъӣ шуд нерӯҳои Русия ҳамзамон бо ақибнишинӣ аз шимоли Украина дар ҳоли минагузорӣ дар ин минтақаҳо ҳастанд.

Зеленский бедуни ироаи шавоҳид дар як паёми видеоӣ муддаъӣ шуд: Нерӯҳои Русия ҳамаи минтақаҳои шимоли Украинаро минагузорӣ карданд, таҷҳизот ва ҳатто ҷасадҳо минагузорӣ шуданд.

  • Виёчеслов Човес, фармондеҳи Чернигов ҳам рӯзи шанбе нерӯҳои русиро ба минагузорӣ дар ин минтақа мутаҳам кард.
  • Ӯ дар телевизиони миллӣ гуфт: Минаҳои зиёде вуҷуд доранд, деҳаҳо пур аз мина ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷаи Украина ҷумъашаб муддаъӣ шуд: Ақибнишинии бархе нерӯҳои русӣ эҳтимоли талош барои омодагӣ ҷиҳати ҳамлаи дубора ба Донбасс аст.

 

Барчасп