Апрел 07, 2022 13:48 Asia/Dushanbe
  • Эътилофи саъудӣ 116 бор оташбаси Алҳадидаи Яманро нақз кард
    Эътилофи саъудӣ 116 бор оташбаси Алҳадидаи Яманро нақз кард

Эътилофи саудӣ тайи 24 соати гузашта борҳо оташбас дар устони Алҳудайдаро нақз кард.

Ба гузориши  Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии "Алмасира", нерӯҳои Эътилофи саудӣ 116 бор оташбаси иддаоӣ дар устони Алҳудайдаро бо парвози ҳавапаймоҳои шиносоӣ бар фарози ин устон ва низ бо ҳамалоти ракетӣ ва тупхонаӣ нақз кард.

Ин дар ҳоле аст, ки сооте пеш низ сухангӯи ширкати нефти Яман эълом карда буд, Эътилофи саудӣ бо вуҷуди оташбас, як киштии ҳомили сӯхти Яманро тувқиф кардааст.

  • Ҳанс Грандберг, фиристодаи вижаи Созмони Милал ба Яман ба дунболи эъломи садҳо маврид нақзи оташбас тавассути Эътилофи саудӣ дар Яман бо эътирофи шикананда будани ин тавофуқ хостори ҳимояти Шурои амният, Риёз ва Уммон аз ин тавофуқ шуд.

Ҳанс Грандберг таъкид кард, оташбасе, ки аз ҳафтаи гузашта ба иҷро гузошта шуд, аввалин оташбас дар Яман  дар шаш соли гузашта ва нишондиҳандаи лаҳзаи арзишманд аст, аммо дар айни ҳол дар хатар аст.

  • Аз шанбеи гузашта тамоми амалиёти низомӣ, таҳоҷумӣ, заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ мутавақиф шуда ва намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман таъкид кард, муваффақияти ин ибтикор ба тааҳуди идомадори тарафҳои душман ба иҷрои тавофуқномаи оташбас бастагӣ дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп