Апрел 09, 2022 10:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди 4 ҳазорнафар қурбонии ҷанги Украина шуданд

Дафтари Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, аз замони оғози ҳамлаи Русия ба Украина токунӯн, ҳудӯди чаҳор ҳазор ғайринизомӣ дар ин кишвар кушта ва захмӣ шудаанд.

Дафтари Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар ҷадидтарин гузориши худ, гуфт, токунӯн як ҳазору  626 ғайринизомӣ дар Украина кушта ва 2 ҳазору 267 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ин ниҳод ҳамчунин гуфт, ки токунӯн 63 кӯдак дар Украина кушта шудаанд.

Комиссари олии ҳуқуқи башар ҳушдор дод, ки омори воқеӣ метавонад бисёр бештар аз мавориди сабт шуда бошад.

Аммо дафтари Додситони кулли Украина рӯзи ҷумъа эълом кард, ки аз замони оғози ҷанг, 169 кӯдаки украинӣ кушта ва беш аз 306 кӯдаки дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз 24 феврал оғоз шуд ва шашумин ҳафтаи он дар ҳоли сипарӣ шуданаст.

 

Барчасп