Апрел 16, 2022 15:34 Asia/Dushanbe
  • Киштии ҷангии Русия ба далели исобати мӯшакҳои украинӣ ғарқ шудааст

Як мақоми аршади амрикоӣ аз ғарқ шудани киштии ҷангии русии "Москва" ба далели исобати мӯшакҳои “Нептун”-и Украина хабар дод.

Ҷон Кирби, сухангӯи Пентагон дар нишасте бо хабарнигорон эълом кард, Пентагон вуқуъ "инфиҷори қобили таваҷҷуҳ" дар кишватии ҷангии Русияро, ки боиси оташсӯзӣ дар он шуд, таъйид мекунад, аммо наметавонад дар хусуси мизони осебдидагӣ изҳори назар кунад.

Вай бо баёни инки ин ҳодиса дар кӯтоҳмуддат бар тавонои Русия таъсир мегузорад, афзуд, Русия аз лиҳози теъдоди киштиҳо ва қудрати оташ, дар муқоиса бо Украина бартарӣ дорад, аммо наметавонад озодона дар Дарёи Сиёҳ ҳаракат кунад.

Пееш аз ин, мақомоти украинӣ иддао карда буданд, бо як мӯшак, киштии мавсӯм ба Нептунро дар Дарёи Сиёҳ ҳадаф қарор додаанду боиси ғарқ шудани он шудаанд.

 

Барчасп