Ноябр 25, 2016 20:53 Asia/Dushanbe

Пас аз раъйи мусбати Маҷлиси Аврупо ба таваққуфи музокирот бо Туркия бар сари пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо, таниш миёни ин иттиҳодия ва Туркия афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши “Пресс ТВ”, дар ҷаласаи панҷшанбеи Маҷлиси Аврупо, тарҳи таваққуфи музокироти пайвастани Туркия бо 479 раъйи мувофиқ ва 37 раъйи мухолиф ба тасвиб расид ва ҳамчунин 107 нафар аз раъй додан худдорӣ варзиданд.

Қонунгузорони аврупоӣ далели ин тасмими худро "саркӯби мухолифон ва мунтақидон аз сӯйи давлати Туркия пас аз кудатои ахир дар ин кишвар" эълом кардаанд.

Маҷлиси Аврупо дар ин тасмими ғайриҳатмӣ аз камиссиюн ва кишварҳои узв хостааст, муваққатан музокирот бо Туркияро дар бораи узвият дар Иттиҳоди Аврупо мутаваққиф кунанд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия рӯзи чаҳоршанбе раъйгирии Маҷлиси Аврупо дар ин мавзӯро "беарзиш” донист ва гуфт, ба натиҷаи он аҳамияте намедиҳад.

Пас аз ин тасмими Иттиҳоди Аврупо, Эрдуғон таҳдид кард, марзҳои Туркияро барои ҳидояти муҳоҷирон ба сӯйи Аврупо боз хоҳад кард.

Сухангӯи Ангела Меркел, садри аъзами Олмон имрӯз дар вокуниш ба таҳдидҳои Эрдуғон гуфт, ин гуна таҳдидот роҳ ба ҷое нахоҳад бурд.

Тавофуқномаи мудирияти оворагон 18-уми марти соли 2016 миёни Иттиҳоди Аврупо ва Туркия барои ҷилавгирӣ аз вуруди сели оворагон аз тариқи хоки Туркия ва дарёи Эгей ба Юнон ва дигар кишварҳои аврупоӣ ба имзо расид.