Апрел 26, 2022 11:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди 47.7 миллион нафар дар ин интихобот воҷиди шароити рай додан буданд
    Ҳудуди 47.7 миллион нафар дар ин интихобот воҷиди шароити рай додан буданд

Эммануэл Макрон рӯзи 24 апрел пас аз баргузории дуввумин даври раёсат ҷумҳурии Фаронса бо касби аксарияти оро бори дигар ба раёсат ҷумҳурии ин кишвар интихоб шуд ва бадин тартиб 5 соли дигар раёсатии ин кишвари бузурги аврупоиро дар даст хоҳад дошт.

Бар асоси нахустин натоиҷи шумориши оро Макрон беш аз 58 дарсади оро ва рақибаш  Марин Ле Пен аз ҳизби рости ифротии иҷтимоъи Милли 43 дарсад ороро ба худ ихтисос доданд.

Марин Ле Пен пас аз эълом шудани натоиҷи даври дуввуми интихоботи раёсат ҷумҳурии Фаронса зимни пазирӯфтани шикаст гуфт: Мо набарди бузурги интихоботиро барои интихоботи парлумонӣ оғоз мекунем.

Ҳудуди 47.7 миллион нафар дар ин интихобот воҷиди шароити рай додан буданд, ки аз ин миён 63 дарсад дар интихобот ширкат карданд. Мизони орои сафед дар даври дуввуми интихобот низ ба 28 дарсад расид, ки ин мизон аз соли 1969 то кунӯн бесобиқа будааст. Мавзӯъи қобили таваҷҷӯҳ дар  интихоботи ахири раёсат ҷумҳурии Фаронса, мушорикати поини шаҳрвандони ин кишвар буд, ки нишонгари норизоятии ақшори бузурге аз мардуми Фаронса аз вазъияти кунӯни аст.

Масъалаи пирӯзии Макрон ё Ле Пен дар ин давр интихобот бо ҳасосияти зиёде чӣ дар дохили Фаронса ва чӣ дар сатҳи Аврупо мувоҷеҳ шуда буд. Дар воқеъ интихоби ҳар як аз ин номзади раёсат ҷумҳури ва роҳёбии ӯ ба Кохи Элиза масири мутафовитеро барои Фаронсавиён ва Аврупо рақам мезад.

  • Бо таваҷҷӯҳ ба мавозеъи  ифротӣ ва бештари зидди аврупоии Марин Ле Пен табиатан интихоби вай метавонист ба афзоиши сиёсатҳо ва қавонини зидди муҳоҷиратӣ ва ташдиди фишорҳо алайҳи мусалмонон дар Фарнса мунҷар шуда ва дар сатҳи аврупоӣ низ ба вогароии Фаронса аз Иттиҳодияи Аврупо ва наздикии бештар ба қудратҳои дигар монанди Русия в Чин мунҷар шавад.
  • Мухолифати Лопин бо таҳрими Русия дар заминаи энергӣ

Аз сӯйи дигар бо интихоби Макрон ба раёсат ҷумҳури метавон интизор дошт, ки сиёсатҳои кунӯни дар сатҳи дохили дунбол шуда ва дар арсаи хориҷи низ Фаронса ба ҳамроҳии дигар кишварҳои аврупоӣ масири зидди русии кунӯниро дунбол намояд.

Мусаламан Амрико низ аз пирӯзии Макрон хурсанд шудааст зеро метавонат мутмаъин бошад, ки дар корзори густардаи кунӯни алайҳи Русия ҳамчунон аз ҳамроҳии Париж бархурдор хоҳад буд. Дар ҳоле, ки иҷрои сиёсатҳои давлати Макрон дар 5 соли ахир сабаби бурузи эътирозоти иҷтимоъии густарда аз ҷумла пайдоиши ҷунбиши Ҷилиқа Зардҳо шуда, ки ба вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоъии кунӯнии Фаронса шадидан эътироз доранд.

Воқеъият ин аст, ки бисёре аз рай диҳандагони фаронсавӣ, ки ба Макрон рай доданд на ба далели ризоятманди аз вай балки барои интихоб нашудани Марин Ле Пен ин корро анҷом доданд.

Дар чанд ҳафтаи ахир қабл аз баргузории даври дуввуми интихоботи раёсат ҷумҳури мавҷи густардае дар ҷомеъаи Фаронса ба роҳ уфтода буд, ки ҷунбиши Ҷалиқа зардҳо сардамдори он буда ва хоҳони адами мушорикати шаҳрвандони ин кишвар дар интихобот бо шиори на Макрон на Ле Пен буданд. Дар ин росто мардуми Фаронса дар рӯзҳои ахир бо баргузории чандин тазоҳурот хостори таҳрими даври дуввуми интихоботи раёсат ҷумҳурии Фаронса буданд.

Фаронсавиҳо Макрон ва Ле Пенро нолоиқ ва бад медонанд. Аз дидгоҳи муътаризони фаронсавӣ, Макрон ва Ле Пен ба ҳеҷ ваҷҳ дар ҳадди раёсат ҷумҳурии ин кишвар нестанд. Нуктаи муҳиме, ки ҳоки аз норизоии фаронсавиҳо аз увзоъи кунӯни аст эътирозоти густарда пас аз баргузории интихоботи ахир аст. Ба дунболи натоиҷи аввалияи ин интихоботи Фаронса ҳазорон нафар аз муътаризон ба пирӯзии Макрон ба хиёбонҳо рехтанд, ки ба даргири бо полис кашида шуд.

  • Макрон муддаи шуд: Ман дигар номзади интихобот нестам ва раисиҷумҳури ҳамаи фаронсавиҳо ҳастам ва далоили рай надодани бархе аз фаронсавиҳо ба худамро медонам.

Дар ҳоле, ки вокуниши мардуми Фаронса ба хабари пирӯзии вай ҳоки аз норизоятии ақшори азиме аз ҷомеъаи Фаронса аз Макрон ва сиёсатҳои ӯ аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп