Изъони Киев ба тасаруфи чандин минтақаи шарқии Украина тавассути нерӯҳои русӣ
(last modified Thu, 28 Apr 2022 08:50:33 GMT )
Апрел 28, 2022 13:50 Asia/Dushanbe
  • Русия ба наздикии Северодонецк, ки яке аз шаҳрҳои бузурги минтақа бо 100 ҳазор нафар ҷамъият аст расидааст
    Русия ба наздикии Северодонецк, ки яке аз шаҳрҳои бузурги минтақа бо 100 ҳазор нафар ҷамъият аст расидааст

Артиши Украина ба пешравии нерӯҳои низомии Русия дар шарқи Украина ва тасаруфи чандин бахш аз минтақаи Киев ва Донбасс изъон кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Вазорати дифоъи украина дар гузорише эълом кард нерӯҳои Русия аз минтақаи Изюм ки бештар ба тасаруфи онҳо даромада буд ба самти Бородянка дар ҷануб ҳамла кардаанд.

  • Гуфта мешаваднерӯҳои русӣ минтақаи Заводи ва Ҳумаи шимолу шарқии Велика Комишувахаро тасаруф кардаанд.

Тибқи ҳамин гузориш нерӯҳои артиши Русия ба наздикии Северодонецк, ки яке аз шаҳрҳои бузурги минтақа бо 100 ҳазор нафар ҷамъият аст расидааст, кантроли як шаҳри кучикро дар ҳамин минтақа ба даст гирфта ва ҳамалотеро ба Нежин  ва Орехово       пайгири мекунанд.

Аз оғози таҳоҷуми Русия ба Украина дар 24 феврал артиши Украина ба хела кам пешравии нерӯҳои Русия ё тасаруфи манотиқе дар дохили ин кишварро гузориш кардааст.

 

Бештар бихонед: