Ноябр 26, 2016 11:39 Asia/Dushanbe
  • Таниш дар равобити режими саҳюнистӣ ва Русия

Дар пайи раъйи мусбати режими саҳюнистӣ ба қатъномаи Созмони Милал дар бораи шибҳиҷазираи Қрим ва иддаои ишғоли ин минтақа аз сӯйи Русия равобити ин режим ва Русия тира шудааст.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, чанд ҳафта пас аз раъйи мусбати Русия ба қатъномаи ЮНЕСКО перомуни ин ки ҳеҷ пайванд ва иртиботе миёни Масҷид-ул-ақсо ва яҳудиён вуҷуд надорад, режими саҳюнистӣ ба қатъномае дар Созмони Милал раъй дод, ки шибҳиҷазираи Қримро минтақаи ишғолӣ аз сӯйи Русия медонад. Расонаҳои русӣ низ раъйи режими саҳюнистиро ба қатъномаи Созмони Милал дар мавриди шибҳиҷазираи Қрим иқдоми ногаҳонӣ ва шоккунанда хондаанд.

Созмони илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии Милал Муттаҳид (Юнеско ) 13 октябр бо тасвиби пешнависи қатъномае вуҷуди ҳар гуна иртиботи динӣ байни Масҷид-ул-ақсо ва яҳудиёнро рад карда, Масҷид-ул-ақсоро макони муқаддас барои мусалмонон донист, ки Русия низ ба ин мусавваба раъйи мусбат дод.

 

Барчасп