Май 01, 2022 19:18 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги Русия бо муздурони хориҷӣ дар Украина
    Ҷанги Русия бо муздурони хориҷӣ дар Украина

Нерӯҳои Русия бо муздурони хориҷӣ дар Украина дар ҳоли ҷанг ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, шаҳрвандони 44 кишвар ба махсусан Амрико, Британия, Фаронса ва режими саҳюнистӣ бо нерӯҳои Русия дар Украина меҷангиданд.

Кумитаи таҳқиқоти Русия чоршанбеи ҳафтаи гузашта эълом кард, ки бозҷуӣ аз 2 ҳазору 500 низомии украинӣ иншон дод, ки авомили хориҷӣ дар ягонҳои артиши Украина ҳузур доранд ва тамоми шавоҳид нишонгари ҳузур авомили хориҷӣ дар ин кишвар аст, ки бо силоҳҳои худ бо ягонҳои низомии Украина ҳамкори мекунанд.

Ин кумитаи таҳқиқоти Русия таъкид кард, ҳадиақал 16 саф аз низомиёни Украина шомили муздурони хориҷӣ беш аз 50 кишвар ҳастанд, ки мустамараи худро аз мақомоти давлати Украина дарёфт карданд.

Ҷанг дар Украина акнун вориди севвумин моҳ шуд ва то кунун 25 кишвар иқдом ба ирсоли таслиҳоти мухталифи низомӣ барои Киев карданд русҳо таъкид доранд, ки қасди ишғоли Украинаро надоранд.

Ҳамзамон бо дархостҳои мукарари Украина барои пайвастан ба НАТО ва дарёфти кумакҳои чандин миллион долларии ин кишвар аз ғарбиҳо ва дар пайи таҳарукоти ахири Ғарб дар наздикии марзи Русия, Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии ин кишвар 24 феврал дар посух ба дархости кумаки низомии сарони ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганст дар шақри Украина дастури ҳамалаи низомӣ дар минтақаи Донбассро содир кард, баъд аз он ҷангандаҳо, тупхонаҳоо ва сомонаҳои мушакии Русия мавозеъи низомии Украинаро ҳадаф қарор доданд.

Путин таъкид карда аст, ин ҳамла ба манзалаи монеъзудоии Украина ва халъи силоҳи ин кишвар аст.

Раиси Ҷумҳурии Русия ҳамчунин ҳушдор дода аст, ки иқдомоти кишварҳои ғарбӣ дар ирсоли силоҳ ва муздур ба Украина ин кишварро ба хун мекашад.

Маскав то кунун борҳо ба кишварҳои ғарбӣ дар бораи мусалаҳ намудани Украина ва низ бетаваҷҷуҳи ба нақзи ҳуқуқи башар ва ҳамалоти нерӯҳои украинӣ ба сокинони рустабори шарқи Украина ҳушдор дода аст.

Кишварҳои ғарбӣ ба вижа Амрико дар солҳои гузашта аз давлати Украина ҳимоятҳои молӣ ва низомии густарда дошт ва пас аз шуруъи даргириҳо дар ин кишвар низ ба ҳимоятҳои худ дар канори эъзоми музудурон идома доданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп