Раиси Комиссияи Аврупо: Русия дигар шарики қобили эътимоде нест
(last modified Fri, 06 May 2022 14:52:49 GMT )
Май 06, 2022 19:52 Asia/Dushanbe
  • Раиси Комиссияи Аврупо: Русия дигар шарики қобили эътимоде нест

Раиси Комиссияи Аврупо муддаӣ шуд, Русия дигар шарики қобили эътимоде барои ин иттиҳодия нест.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерс”, Урсула Фон дер Лайен, раиси Комиссияи Аврупо имрӯз - ҷумъа бо иддаои ин ки Русия дигар шарики қобили эътимоде барои ин иттиҳодия нест, нисбат ба тасвиби бастаи таҳримии ҷадид алайҳи Русия ба баҳонаи ҷанг дар Украина, ибрози умедворӣ кард.

Раиси Комиссияи Аврупо дар идома изҳор дошт, таҳрими нафтӣ осон нахоҳад буд, аммо бо тавваҷуҳ ба арзишҳои Русия наметавонем дар дарозмуддат пул ба Русия мунтақил кунем.

Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ дар вокуниш ба ҳамлаи Русия ба Украина дар 24 феврали 2022, таҳримҳои иқтисодии густардаеро алайҳи Маскав эъмол кардаанд.

Таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Русия то кунун иқтисоди Аврупоро бо чолишҳои зиёде мувоҷеҳ кардааст.