Созмони ҷаҳонии беҳдошт таътилии дафтари вижаи Маскавро барраси мекунад
Дафтари аврупоӣ Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз баррасии пешнависи қатънома дар мавриди таътилии дафтари вижаи ин созмон дар Маскав хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса, ҳамзамон бо сафари Тедрос Адҳаном, раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Украина дафтари аврупоӣ ин созмон эълом кард, ки дар рӯзҳои оянда пешнависи қатъномаи мавриди тайиди бештари аъзои худро мабни бар таътилии дафтари вижаи ин созмон дар Маскав барраси мекунад.
Тедрос Адҳаном, раиси Сомзони ҷаҳонии беҳдошт дар Твиттер вуруди худ ба Украинаро эълом кард.
Бар асоси ин гузориш 43 кишвар аз 53 кишвари узви Созмони ҷаҳонии беҳдош дар Аврупо аз пешнависи қатъномаи таътилии дафтари вижаи пешгири ва кантроли бемориҳои ғайривогири созмон дар Маскав ҳимоят карданд.
Ба ҳамин далел ин созмон қарор аст аз 10 май баррасии ин тасмимро оғоз кунад.
Дар пешнависи ин қатънома омада аст: Ҷанги Украина таъсироти вайронкунандаеро бар низоми беҳдошт ва дармони ин кишвар ворид карда аст.
Ин қатънома ҳамчунин муъаллақи кутоҳмуддати ҳар нишаст, конфронс ё семинар дар Русия аз ҷумла ҷаласаҳои фанниро то замин дастёби ба роҳи ҳалли мусолематомез барои поён додан ба даргириҳо дар Украина ва низ хуруҷи нерӯҳои Русия аз хоки ин кишвар хостор шуда аст.