Май 08, 2022 13:15 Asia/Dushanbe
  • Украина як киштии артиши Русияро ҳадаф қарор дод

Украина эълом кард ки муваффақ ба сарнагунӣ ва ҳадаф қарор додани як киштии хурди низомии артиши Русия шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Гордиян, рӯзи шанбе Вазорати дифои Украина бо интишори баёнияе аз ҳадаф қарор додани як киштии хурди низомии артиши Русия хабар дод .
Вазорати дифо Украин гуфтааст, ки ин ҳамла ба сурати паҳподӣ сурат гирифта ва мунҷар ба ғарқ шудани киштии русӣ шудааст .
Ҳамчунин гуфта шуда, ки ин ҳамла дар наздикии баҳри Сиёҳ сурат гирифта, ҳарчанд Вазорати дифои Русия то кунун вокунише ба ин иддаои Киев нишон надодааст .
Камтар аз як моҳи пеш низ Вазорати дифои Русия аз ғарқ шудани киштии ҷангии “Москва” хабар дода буд .
Игор Кношинков-сухангӯи Вазорати дифои Русия низ бо судури баёнияе гуфт : « Рӯзи шанбе неруҳои мушакӣ ва тупхонаии Русия 31 посгоҳи фармондиҳӣ ва 245 пойгоҳ ва манотиқи тамаркузи неруии инсонӣ ва таҷҳизоти низомии неруҳои Украинаро ҳадаф қарор доданд » .
Сухангӯи ин вазоратхона тавзеҳ дод : « Мушакҳои бо диққати боло ҳавопаймоҳои Украинаро дар фурудгоҳҳои мухталиф сарнагун кардаанд » .

 

Барчасп