Таҳлил: Боло гирифтани дубораи танишҳои марзии Боку ва Иравон
Мақомҳои сиёсии Боку ва Иравон ба манзури танзими комилтари тавофуқномаи доимии суҳл дар ҳоли пешниҳодҳои мутақобиле матраҳ мекунанд, ки низомиёни Ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва Араманистон дар хутути тамоси марзҳои ду кишвар ҳамчунон ба даргири идома медиҳанд.
Дар ҳамин иртибот, Ҷумҳӯрии Озарбойҷон, бори дигар Арманистонро ба гушудани оташ ба тарафи нерӯҳояш муттаҳам кардааст.
Вазорати дифоъи Ҷумҳӯри Озарбойҷон рӯзи сешанбе- 10-уми май бо интишори баёнияе эълом кард: Нерӯҳои низомии арманӣ ба сӯи мавозеъи марзии нерӯҳои озарӣ дар минтақаи Калбаҷар оташ гушудаанд.
Дар муқобили иттиҳоми ин тарҳ, Вазорати дифоъи Арманистон зимни ради иттиҳоми тарафи озарӣ эълом кард: Вазъият дар марзҳои ду кишвар нисбатан бо субот ва таҳти кантроли комили артиши Арманистон аст.
Аз замони эъломи истиқлоли Ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва Арманистон дар соли 1992 мелодӣ, мавзӯъи моликияти минтақаи Қарабоғ кӯҳистонии байни ду кишвари ҳавзаи Қафқози ҷанубӣ ба ошкор шудани даргириҳои низомӣ мунҷар шудааст. Ин даргириҳо аз соли 1989 ибтидо ба сурати лафзӣ ва расонаӣ оғоз шуд, аммо байни солҳои 1992 то 1994 мелодӣ ба даргириҳои низомӣ анҷомид.
Дар моҳи феврали соли 1989 мелодӣ, маҷлиси маҳалии Қарабоғ бо 110 райи мувофиқ ба илҳоқи ин минтақа ба Арманистон рай дод. Дар паи ин иқдом, танишҳои лафзӣ миёни ин ду кишвар оғоз шуд. Аммо пас аз эъломи истиқлол аз Иттиҳоди Ҷамоҳир Шӯравӣ, низомиёни озарӣ ва арманӣ даргир шуданд. Байни солҳои 1992 то моҳи майи соли1994 мелодӣ, Арманистон илова бар минтақаи Қарабоғ 5 мумаизу як даҳум аз арзии Ҷумҳӯрии Озарбойҷонро шомил мешавад, наздик ба 15 дарсади дигаре аз арзӣ ин кишварро ишғол кард.
Тарҳҳои сулҳи муътадиде дар тӯли солҳои гузашта матраҳ шудааст, ки ҳамагии ин тарҳҳо аз тарафи яке аз тарафайни даргириҳо ва ё ҳар дукишвар мардӯд ва ғайри қобили қабул талқӣ мешуд. Пас аз наздик ба се даҳҳа, саранҷом раиси ҷумҳурии Русия муваффақ шуд, тавофуқномаи 10 моддаии сулҳи Қарабоғро ба имзои сарони ду кишвар бирасонад.
Бар асоси ин тавофуқнома, муқарар шуд Арманисттон арзӣ ишғолии Ҷумҳӯрии Озарбойҷонро бори дигар ба ин кишвар вогузор кунад. Дар ин тавофуқномаи 10 моддаӣ ҳатто номе аз минтақаи аслии мавриди муноқишаи ду кишвар яъне Қарабоғ матраҳ нашуд. ба ҳамин далел моликияти ин минтақа бори дигар баҳонае барои пайдо шудани ихтилофот миёни ду кишвари ҳамсоя табдил шудааст.
Сарони Боку ва Иравон наздик ба ду соли гузашта талош кардаанд, зимни ёргири аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба сурати зимни тарафи муқобилро таҳдид кунанд. Бадеҳи аст, ки дар ин миён нақши Русия бисёр ҷиддитар аз дигар кишварҳо аст ва ҳар кадом аз тарафайн талош мекунанд худро ба Русия наздиктар муарифӣ кунанд. Ба унвони мисол пас аз имзои тавофуқномаи низомӣ ва амниятӣ Илҳом Алиев бо ҳамтои русиаш дар соли гузаштаи мелодӣ, мақомҳои Арманистон талош кардаанд аз ғофилгириҳои минтақаӣ ақаб намонанд.
Дар вокуниш ба ҳаракати Илҳом Алиев, ки бисёре аз сиёсатмадорони мухолифи давлати Боку ин санадро мағойр бо манофеъи миллии дароз муддати Ҷумҳӯрии Озарбойҷон қаламдод карда буданд, М.Ҳокупиён таҳлилгари низомӣ ва сиёсии арманӣ гуфт: Русия бо дар назар гирифтани вазъияти баъд аз ҷанги Қарабоғ ва таҳавуллоти жеуполетик дар минтақа талош хоҳад кард то навсозии артиши Арманистонро ба сатҳи артиши Русия бирасонад.
Дар ин замина рақобатҳои ду тарф ҳамчунон идома дорад ва ба рағми иттихози сиёсатҳои ғарбгаронаи раҳбарони Боку ва Иравон, рақобат барои наздикии ҳар чӣ бештарӣ ду кишвар ба Русия дар дастури кори ду тарф қарор дорад. Дар айни ҳол, мавзӯъи моликияти минтақаӣ Қарабоғ дар Ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва Арманистон ба як мавзӯъи ҳайсияти миёни сарони Боку ва Иравон табдил шудааст.
Ба тавре, ки мақомҳои баланд пояи сиёсии ду кишвари ҳамсоя назди афкори умумӣ чунин вонамуд кунанд, ки ибтикори амал дар музокироти сулҳи Қарабоғро дар ихтиёр доранд. Ба унвони мисол , дар ҳоле, ки мақомҳои Боку ва Иравон дар заминаи музокироти сулҳи Қарабоғ дар ду навбати ҷудогона, дар ҳузӯри раиси ҷумҳӯри Русия дар Маскав ва дар ҳузӯри раиси Шӯрои Аврупо дар Бруксел тавофуқ кардаанд, ки ба тавофуқномаи 10 моддаии сулҳи Қарабоғ пойбанд бошанд, ҳар кадом аз тарафайни муноқиша талош доранд як мавзӯъ ҳатто такрориро ба раванди музокироти сулҳ изофа кунанд.
- Ахиран Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Озарбойҷон тарҳи панҷ моддаии раиси ҷумҳӯри ин кишварро ба тарафи арманӣ иблоғ кард. Дар муқобил мақомҳои Арманистон низ талош кардаанд, тарҳи шаш моддаиро ба тарафи озарӣ иблоғ кунанд.
Дар вокуниш ба ин тарҳи Боку Ормен Григуриён раиси Шӯрои амнияти миллии Арманистон ба ин, ки дар музокироти ҳафтаи ҷорӣ бо мақомҳои Ҷумҳӯрии Озарбойҷон нишонаҳои дол бар омодагии тарафи муқобил барои музокира мушоҳида шудааст, тасреҳ кард: Боку пешниҳодоти Иравонро рад накардааст.
Ин мақоми баландпояи арманӣ ба муҳтавои тарҳи шаш моддаии давлати Иравон ишора накард аммо гуфт: Ин шаш моддаи пешниҳоди, ки посӯхе ба пешниҳодоти панҷгонаи Боку аз ҷумла ба расмият шинохта шудани тамомияти арзии Ҷумҳӯрии Озарбойҷон тавассути Арманистон аст, ҳалли муноқишаи Қарабоғро мумкин хоҳад кард.
Ҳадаф аз ироаи ин тарҳо тавассути мақомҳои озарӣ ва арманӣ ин аст, ки тарафайн муноқишаи Қарабоғ, назди афкори умуми худро мубтакир ва барандаи ҷанги дуввуми Қарабоғ муарифӣ кунанд. Ин дар ҳоле аст, ки тарафайн муноқишаи Қарабоғ дар шароите нест, ки битавонанд эъмоли қудрат, ва хостаи худро ба тарафайни муноқиша таҳмил кунанд. Алалхусӯс, ки қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар минтақаи Қафқози ҷанубӣ, дар амал хостаҳои худро ба тарафайни муноқишаи Қарабоғ таҳмил мекунанд.
Бештар бихонед: